Сардор Қоонӣ: Шаҳид Сулаймонӣ майдон ва дипломосиро мудирият мекард
(last modified Sun, 02 Jan 2022 13:23:54 GMT )
Январ 02, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Сардор Қоонӣ: Шаҳид Сулаймонӣ майдон ва дипломосиро мудирият мекард

Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард: Шаҳид Сулаймонӣ иртиботи байни майдон ва диплмосиро бисёр хуб мудирият мекард ва далили он вилоятмадорӣ буд.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Садор Исмоили Қоонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посодорон дар маросими бузургодшти дувумин солгардӣ шаҳодати сипаҳбуд сардор ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, ки дар маркази муолеъоти сиёси ва байналмиллалии вазорати хориҷа баргузор шуд гуфт: Аз барҷастагиҳои ин шаҳид ин буд, ки нуронияти вуҷуди худро вилоятмадорӣ медонист ва агар мехоҳем роҳи шаҳид Сулаймониро биравем бояд сарбози Раҳбарӣ бошем.

  • Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорон афзуд: Шаҳид Сулаймонӣ дар заминаҳои мухталиф пешқадам буд ва яке аз ин пешқадамиҳо ин буд, ки иртиботи байни дипломоси ва майдондориро хуб ифо кард.
  • Сардор Қоонӣ тасреҳ кард: Сардор Сулаймонӣ бо эътиқоди динӣ ба сиёсат нигоҳ мекард ва мувафақият дар саҳнаи муқобила бо душманони бузурго рузмарра медид.
  • Фармондеҳи неруи Қудси сипоҳ ҳамчунин гуфт: Пайванде, ки шаҳид Сулаймони аз даруни Теҳрон эҷод кард дар кишварҳои мухталиф умқ пайдо кард.
  • Сардор Қоонӣ афзуд, Теҳрон қуллаи муқоҷвимат ва қуллаи инқилоби исломӣ ва қуллаи ҳамгароии исломӣ аст.