Январ 03, 2022 13:09 Asia/Dushanbe
  • Амрико омилу мусаббиби аслии ҷинояти террори сардор Сулаймонӣ аст

Муовини байналмилали Қувваи қазоияи Эрон гуфт, аксарияти 125 гумонбару муттаҳами аслии парвандаи террори сардори шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар баданаи давлати Амрико ҳастанд.

Козими Ғарибободӣ, муовини умури байналмилали Қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон шомгоҳи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи дуи телевизиони Эрон афзуд, дар канори ин теъдоди мазнуну муттаҳам, бархе кишварҳои дигар ҳам иқдомоти пуштибонӣ анҷом додаанд.

Вай гуфт, ҳадафи Ҷумҳурии исломии Эрон ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо давлати Ироқ ба унвони кишвари маҳалли вуқӯи ҷурм, тамомии омилон, омирон ва мусаббибони ин ҷинояти террористӣ шиносоӣ шаванд ва ба пешгоҳи адолат оварда шаванд.

Муовини умури байналмилали Қувваи қазоияи Эрон гуфт, дар раъси омилону омирони ин ҷинояти террористӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико қарор дорад. Трамп касе аст, ки эътироф мекунад даст ба чунин иқдоми террористӣ зада ва инро барои худ ифтихор медонад. Иқрори ӯ дар маҳокими байналмилалӣ ба унвони як санади қобили истинод маҳсуб мешавад.

Ӯ гуфт, парвандаи ҷинояти террори сардор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар буъди ҷиноӣ дар ҳоли расидагӣ аст ва ба зудӣ ин парванда такмил хоҳад шуд.

Имрӯз, душанбе, сеюми январи 2022 мусодиф бо 13 даймоҳи соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст.

Сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини созмони басиҷи мардумии Ироқ ва теъдодӣ аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъаи сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп