Оғози маросими бузургдошти дуввумин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар Теҳрон
(last modified Mon, 03 Jan 2022 16:44:55 GMT )
Январ 03, 2022 21:44 Asia/Dushanbe

Маросими дуввумин солгарди шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ дар мусаллоҳи Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин маросим, ки бо тиловати оятҳое аз Қуръони Карим оғоз шуд,  Зайнаби Сулаймонӣ фарзанди шаҳид сардор ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва Сайид Иброҳимӣ Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон суханрони карданд.

Маддоҳӣ ва марсияхонии аёми шаҳодати ҳазрати Фотима(с) бахши дигаре аз ин маросим аст.

Имрӯз душанбе 3 январи 2022 мусодиф бо 13 даӣ моҳи соли 1400 ҳиҷри шамси, солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорни инқилоби исломӣ аст.

Сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳди Алмуҳандис мовини басиҷи мардумии Ироқ "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ва теъдоде аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа 3 январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикой наздики фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.