Январ 05, 2022 10:52 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди нахустин кити эронии ташхиси коронаи Омикрон

Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Кошон, устони Исфаҳон, маркази Эрон, аз тавлиди нахустин кити эронии ташхиси коронаи Омикрон хабар дод.

Сайид Алиризо Мураввиҷӣ, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Кошон рӯзи сешанбе гуфт, кити ташхисии коронаи Омикрон имкони шиносоии анвои мухталифи навъшои вируси корона, шомили Алфа, Бета, Гама, Апсилон, Ато, Зета, Юта, Делта, Делта плюс ва Омикронро дорад.

Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Кошон афзуд, 20 ширкати хориҷӣ ин кити ташхисиро тавлид карданд ва кити тавлидии мутахассисони Донишгоҳи улуми пизишкии Кошон комилан мушобеҳи хориҷӣ аст, аммо ҳазинаи тавлиди он як панҷум аст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 26 ноябри 2021 навъи Омикронро панҷумин навъи нигаронкунандаи вируси корона эълом кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп