Охирин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ
(last modified 2022-01-08T04:51:49+00:00 )
Январ 08, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Охирин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ

Охирин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Заҳро (а), бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, охирин шаби маросими азодории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) дар ҳусайняи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баргузор шуд.

Ин маросим ба иллати тадовуми шуюи беморӣ ва лузӯми риояти комили шеваномаҳои беҳдоштӣ, бидуни ҳузури ҷамъият ва фақат бо ҳузури як суханрон ва як маддоҳ баргузор шуд.

Дар ин маросим ҳуҷҷатулислом валмуслимин Олӣ дар суханоне, танҳо роҳи рушд ва қурб ба парвардгорро роҳи имомат ва пайванд бо имоми маъсум донист ва афзуд, ҳаракати таърихии ҳазрати Заҳро (а) ҳифзи ин роҳ бебадил буд ва он ҳазрат барои анҷоми ин ҷиҳоди бузург, аз силоҳи равшангарӣ ва табйин истифода кард.