Ҳазфи паёми “Инстаграм”-ии вазири фарҳанги Эрон дар бораи сардор Сулаймонӣ
Шабакаи иҷтимои “Инстаграм”, паёми вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар бораи шаҳид Сулаймониро ҳазф кард.
Шабакаи иҷтимоии “Инстгарам”, ки дар корномаи фаъолияти худ, баҳои манфии филтери густардаи паёмҳои хосро дорад, бо вуҷӯди гузашти ду сол аз шаҳодати сардори сипаҳуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш, матолиб, акс ва паёмҳои марбӯт ба ин сардорро барнаметобад ва дар тозатарин иқдом паёми Муҳаммадмаҳдӣ Исмоилӣ, вазири фарҳангу иршоди исломӣ дар бораи шаҳид Сулаймониро низ ҳазф кард.
Ду сол аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ, Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ва ёрони ҳамроҳашон мегузарад ва мардум ба шакли густарда сӯгворона бо паёмҳо, матолибу аксҳои мунташир шуда аз ин азизон дар фазои маҷозӣ, алоқа ва вафодории худ ба ин мудофеъони амниятро нишон медиҳанд.
Пас аз сензураи густардаи тасовир ва филмҳои муртабит бо шаҳид Сулаймонӣ дар “Инстгарам”, ҳамзамон бо дувумин солгарди шаҳодати ин сардор, пӯиши мардумӣ ва худҷӯши корбарони эронӣ барои эътироз ба “Инстаграм”, ба роҳ афтодааст.
Бештар бихонед:
- Паёмадҳои террори сардор Сулаймонӣ дар кантроли Амрико нахоҳад буд
- Хатибзода: Номи сардори сулаймонӣ ба унвони як қаҳрамон ҷовидона медурахшад