Пайвастани Эрон ба ҷамъи кишварҳои тавлидкунандаи бастаи ташхиси сареъи Омикрон
(last modified Tue, 11 Jan 2022 10:27:57 GMT )
Январ 11, 2022 15:27 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Эрон ба ҷамъи кишварҳои тавлидкунандаи бастаи ташхиси сареъи Омикрон

Мудиромили Ширкати донишбунёни саломати электронии Баракати Эрон гуфт, Эрон ҷузви маъдуд кишварҳои дунё аст, ки муваффақ ба тавлиди бастаи ташхиси сареъи Омикрон шуд ва ба ҷамъи се кишвари дорои ин фанноварӣ пайваст.

Саҷҷоди Мураввиҷӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, дар ҳоли ҳозир ин бастаҳо барои шиносоии сӯи ҷадиди корона тарроҳӣ шуда ва дар оянда ҳам метавонад навъҳои дигари вируси коронаро дар сӯрати шую шиносоӣ кард .

Вай бо баёни инки шиносоии гӯнаи ҷадиди вируси корона дар муддати 15 дақиқа ба кумаки ин бастаҳо имконпазир аст, тасреҳ кард, пас аз анҷоми тест, боркоди баста, коди миллии бемор, коди миллии намӯнагир ва таъриху маҳали намунагирӣ ба сӯрати диҷитал сабт мешавад ва баъд аз он радёбии афроди муртабит бо фарди олӯда ба сӯрати ҳӯшманд анҷом мешавад.

Мудиромили Ширкати донишбунёни саломати электронии Баракати Эрон бо ёдоварии инки бастаи ташхиси сареъи Омикрон бо тавони муҳаққиқони эронӣ тавлид шудааст, изҳор дошт, ин маҳсӯли фанноваронаи эронӣ вориди бозори дохили кишвар шуда ва дар ҳоли истифодааст.

Мураввиҷӣ тасреҳ кард, ин баста дорои 92 дарсади диққат ва 98 дарсад ҳассосият аст, ки нишондиҳандаи диққати бисёр болои ин маҳсӯли эронӣ аст.

Вай зарфияти тавлиди рӯзонаи ин бастаро ҳудӯди 200 ҳазор баста  эълом кард ва гуфт, дар сӯрати ниёзи кишвар метавон ин зарфияти тавлидро афзоиш дод.

Бештар бихонед: