Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Иҳонат ба муқаддасоти дигар мазоҳиб ҷоиз нест
(last modified Sat, 15 Jan 2022 05:28:44 GMT )
Январ 15, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Иҳонат ба муқаддасоти дигар мазоҳиб ҷоиз нест

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ бар лузуми парҳез аз иҳонат ба муқаддасоти дигар мазоҳиби исломӣ таъкид кард.

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи изоми тақлид дар дидори ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ дар Қум бо ишора ба инки ақаллияти ифротӣ ҳастанд, ки боиси тафриқа ва ихтилоф мешаванд, гуфт: Гуфтаҳои мутаффакирони шиъа ва аҳли суннат бояд милоку меъёр қарор гирад, на гуфтаҳои иддае ифротӣ.

  • Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ даъват аз коршиносону бузургони аҳли суннат ва гуфтумони усулӣ ва саҳеҳро аз дигар мавориди зарурӣ баршумурд, ки бояд дабирхонаи Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ бар он иҳтимом дошта бошад.
  • Ин марҷаъи тақлид зимни таъкид бар лузуми парҳез аз иҳонат ба муқаддасоти дигар мазоҳиб изҳор доштанд: Аз назари шаръӣ, иҳонат ба муқаддасоти дигар мазоҳиб ҷоиз нест ва ин қабил корҳо ба шиддат ба ваҳдати исломӣ, хадша ворид мекунад.

Дар ибтидои ин дидор ҳуҷҷатулислом валмуслимин Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ гуфт, дар солҳои ахир душман ба фирқагароӣ, мазҳабгароӣ ва қавмгароӣ доман зад то ба ваҳдати эҷод шуда дар ҷавомеъи исломӣ хадша ворид кунад.
Шаҳриёрӣ бо ишора ба зуҳури ДИИШ дар манотиқи исломӣ таъкид кард: Бо ҳимоятҳои низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ришодатҳои сардори бузурги исломи Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, ДИИШ шикаст хурду имрӯз дар саҳнаи байналмилал шоҳиди гароиши кишварҳои исломӣ ба ваҳдати исломӣ ҳастем.