Январ 16, 2022 16:17 Asia/Dushanbe
  • Педерсен аз талошҳои Эрон барои ҳалу фасли сиёси ва буҳронии Сурия қадрдони кард.
    Педерсен аз талошҳои Эрон барои ҳалу фасли сиёси ва буҳронии Сурия қадрдони кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз талошҳои Созмони Миллал дар ҷиҳати таҳкими ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ Сурия, ташвиқ кард ,гуфтугӯҳои сурӣ -сурӣ ва эҷоди сулҳ ва субот дар ин кишвар,ҳамвора ҳимоят карда ва хоҳад кард.

"Алӣ Асғари Хоҷи" мушовири аршади Вазири умури хориҷаи Эрон дар умури вижаи сиёсӣ, ин мавзӯъро дар дидор бо" Гейр Педерсен" намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Миллал дар умури Сурия мавриди таъкид қарор дод.

Педерсен ,ки дар садри ҳайати ба Теҳрон сафар карда аст, дар ин дидор аз талошҳои Эрон дар нишаст ва остонаи ҳамкори бо Созмони Миллал бо ҳадафи тақвият ҳалу фасли сиёсву буҳронии  Сурия ва ҳимоят аз гуфтугӯҳои миллии сурӣ қадрдони намуда ва бар истимрори ин ҳамкориҳо таъкид кард.

Сурия аз  авохир январи соли 2011 даргири тавтиъаи бо аҳдофи  барандозона шуд. Яке аз аҳдофи таҳмилии ҷанг ба Сурия таҷорӯбаи ин кишвар буд. Ин тавтиъа аммо бо муқовимат  дар муқобили фишорҳои душман шикаст хурд.Сурия тайи ин солҳо бо чолишҳои мутаъаддиде мавоҷеҳ шуд ва аз буҳронҳои сахт убур кардааст, бо ин ҳол бозгашти комили субот ва эҷоди  веқофи сиёсӣ дар иин кишвар ба тақвияти эътимоди миллӣ ва идомаи талошҳои бетарафона ва рафъи ишғоргарӣ дар Сурия вобаста аст.

Давлати Амрико идаъо мекунад ,ки ҳузӯри неруҳояш дар Сурия бар асли мудохилаи башардустона, усули ҳуқуқи башарӣ ва бар асоси аслӣ масъулияти ҳимояти устувор аст. Дар ҳоле,ки натиҷаи ин мудохилот эҷоди ноамниҳои  бештар ва рушди терроризм дар минтақа будааст.

Дар шароити феъли ,масъалаи муҳими пайгирии талошҳои бетарафона бо меҳварияти Созмони Миллал барои ҳамвор кардани масири гуфтугӯҳои натиҷаи меҳвар ,барои ҳаллӣ масоъили Сурия аст.

Дар ҳамин хусус дар музокироти Педерсен дар Теҳрон пиромуни охирин таҳавулоти буҳрони Сурия ва муъоризон кишварҳои зомин шомили Эрон, Русия, Туркия ва кишварҳои нозир дар шаҳр "Нурсултон" пойтахти Қазоқистон баргузор шуд ва муқарар гардид Иҷлоси сарони Остона дар соли ҷории мелодӣ дар Теҳрон баргузор шавад.Пеш аз Иҷлоси сарон низ нишасти Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви раванди Остона дар моҳи январ ё авоили феврал баргузор мешавад.

Нуктаи дигари ҳоизиаҳамият дар нигоҳ ба масоил ва чолишҳои Сурия зарурати кӯмак ба боз созии Сурия аст.

"Алиасғар Хоҷӣ" мушовири аршади Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин хусус тарсеъ кард,Созмони Миллали Муттаҳид ва соири бозигарони минтақаи ва байналмиллалӣ бояд ба шароити давлату  миллати Сурия ,таваҷҷуҳ карда ва барои рафъи таҳримҳо ва кӯмак расони ба мардум,бозгашти оворагон ва оғози боз созии ин кишвар талоши бештаре бикунанд.

"Ҳасан  Ҳонизода" коршиноси масоъили сиёсӣ, бо ишора ба ин, ки Сурия дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи гузар аз як буҳрони нафасгирӣ ҷанг ва вуруд ба марҳилаи созандагӣ аст, бо ишора бо таҷрубиёти муфид Эрон дар боз созии шаҳрҳои ҷангзада муътақид аст ,ки Эрон метавонад ин таҷрубаро дар ихтиёри давлату миллати Сурия қарор диҳад.

"Ҳусен Амир Абдулоҳиён" Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори охири худ аз Сурия бо баёни ин,ки равобити Теҳрону Дамишқ роҳбурди аст, тасреъ кард: Сурия аз рӯзҳои сахт убур кардааст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шукуфоии равобити ду кишвар фаъолона амал хоҳад кард.

Он чӣ дар шароити кунуни аҳамияти нақши Теҳронро дар канори иқдомоти Созмони Миллал барҷаста мекунад, зарурати истиқрори субот ва поён додан ба ишғолгари ва таҳримҳои зидди башарӣ алайҳи мардуми Сурия аст.

Ин аҳдоф дар воқеъ бахше аз талошҳои сиёсати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи Сурия аст.

Изҳороти "Гейр Педерсен" намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллал дар умури Сурия дар дидор бо мақомҳои Теҳрон низ ҳоки аз таваҷҷуҳи вижаи Созмони Миллал ба нақши муасири Эрон дар кӯмак ба ҳали масоили Сурия аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп