Размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёӣ - 2022
Шиноварҳои Эрон, Чин ва Русия дар размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёӣ – 2022, ба сӯи аҳдофи аз пеш таъйиншуда дар дарё тирандозӣ карданд.
Ба гузориши равобити умумии артиши Эрон, амири дарёдори дувум, Мустафо Тоҷиддинӣ, сухангӯи размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёӣ - 2022 гуфт, дар ин марҳала аз баргузории размоиш, воҳидҳои шиновари Эрон, Чин ва Русия, ки ба маҳалли иҷрои маъмурият дар шимоли уқёнуси Ҳинд ҳаракат карда буданд, ин марҳала аз тамринотро ба иҷро гузоштанд.
Дарёдор Тоҷиддинӣ афзуд, ягонҳои шиновари Эрон, Чин ва Русия ба сари фармондеҳии новшикани тамом эронии “Ҷаморон” ва бо истифода аз силоҳҳои калибри 20 миллиметрӣ ба сӯи аҳдофи сатҳӣ аз пеш таъйиншуда дар дарё тирандозӣ карданд.
Сухангӯи размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёӣ - 2022 бо баёни ин ки ҳузури Ҷумҳурии исломии Эрон дар эътилофҳои байналмилалӣ баёнгари иртиқои сатҳу ҷойгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон аст, гуфт: Барқарории амният дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ барои Ҷумҳурии исломии Эрон бисёр дорои аҳамият аст ва ба ҳамин далел нерӯҳои дарёии Ҷумҳурии исломии Эрон иҷозаи ҳеҷ гуна таҳдидеро дар ҳавзаи дарёӣ нахоҳанд дод.
Размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёӣ - 2022 бо ҳузури ягонҳои сатҳӣ ва парвозии неруҳои дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва неруи дарёии кишварҳои Чин ва Русия бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар минтақаи шимоли уқёнуси Ҳинд оғоз шуд.