Фархунда зодрӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) муборак бод
Январ 22, 2022 18:37 Asia/Dushanbe
Якшанбе сеюми баҳмани 1400 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо бистуми ҷимодуссони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ ва мутобиқ бо 23 январи 2022, хуҷаста зодрӯзи ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) духти Паёмбари гирмоии Ислом(с) аст.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) духтари гиромии Паёмбари Ислом(с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) рӯзи бистуми ҷимодуссони соли ҳаштуми қабл аз ҳиҷрат дар шаҳри Макка ба дунё омад.
- Ин бонуи гиромӣ аз кӯдакӣ бо роҳнамоиҳои падараш Паёмбари гиромии Ислом(с) ба олитарин маротиби камол ва илму фазилат даст ёфт.
- Ҳазрати Заҳро(с) ҳамчунин ба унвони ҳамсари гиромии имом Алӣ(а) инсонҳои бузург ва ворастае ҳамчун имом Ҳасан(а), имом Ҳусайн(а) ва ҳазрати Зайнаб(с)-ро дар домани худ парвариш дод.
- Зодрӯзи ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) дар Эрон рӯзи зан ва модар номугзори шуда аст ва дар ин рӯз аз мақоми занон ба вижа модарон таҷлил мешавад.
Радиои тоҷикии "Садои Хуросон" фаро расидани хуҷаста солрӯзи валодати бо саодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с)-ро ба ҳамаи мусалмонон табрик мегӯяд.
Барчасп