Қобилияти болои китҳои эронӣ барои ташхиси Омикрон
Мудири кулли озмоишгоҳи марҷаи саломати Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз қобилияти болои китҳои эронӣ барои ташхиси Омикрон хабар дод.
Сиёмаки Самеӣ гуфт: Китҳоии тавлиди дохили кишвар, ки дар озмоишгоҳҳои шабакаи Ковид-19 кишвар ва дигар озмоишгоҳҳои пезишкии маҷозӣ мавриди истифода қарор мегиранд, тавоноии ташхиси ворёнети Омикронро доранд.
Вазорати беҳдошт гузориш дар хусуси раванди густариши навъи ҷадиди Омикрон дар ҷаҳон ироа кад ва дар он таъкид шуд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки рафтори вируси Омикрон дар ҳар кишвар ва раддаҳои мухталифи синнӣ мутафовит аст иҷрои дастуруламалҳои беҳдоштӣ ва фосилагузории иҷтимоӣ дар канори ваксиносиюн, ба вижа тазриқи дозаи севум зарурӣ аст.
Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ низ таъкид кард: Зерсохтҳои тавлиди ваксинаҳои эронӣ ба навъе аст, ки навъи Омикрон низ муқобили воксани Баракат таслим хоҳад шуд.