Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҷиҳоди корофаринону коргарон дар сангари тавлид муҷиби эътирофи Амрико ба шикасти ҷанги иқтисодӣ шуд
(last modified 2022-01-30T11:11:30+00:00 )
Январ 30, 2022 16:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҷиҳоди корофаринону коргарон дар сангари тавлид муҷиби эътирофи Амрико ба шикасти ҷанги иқтисодӣ шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагону фаъолони санъатӣ ҷиҳоди корофаринону коргарон дар сангари тавлидро муҷиби эътирофи Амрико ба шикасти ҷанги иқтисодӣ донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ (якшанбе) дар дидори ҷамъе аз тавлидкунандагону фаъолони санъатӣ гуфтанд: Иттилои мардум аз муваффақиятҳои фаъолони иқтисодӣ аз забони худи ин афрод, барои муқобила бо ҷанги равонии душман муфид аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки тарроҳиҳои душман барои фатҳи сангари тавлид бо шикаст мувоҷеҳ шуд, хотирнишон карданд: Дар ин таҳоҷум ба иқтисоди кишвар дар маишати мардум мушкилоте ба вуҷуд омад, аммо тавлид ба зону дарнаёмад ва сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико чанд рӯзи пеш сароҳатан эълом кард, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ба шикасти хиффатбори Амрико мунҷар шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тавлидро «ҷиҳод» хонданд ва афзуданд: Истодагии тавлидкунандагон дар муқобили ҳамла ба иқтисод ва талоши душман барои мамониат аз фурӯши нафту газ, қатъи манобеи арзӣ ва барномарезӣ барои масдудсозии мубодилоти хориҷии Эрон, дар воқеъ ҷиҳод ва аз бузургтарин ибодатҳост.

Эшон гуфтанд: Онҳо фурӯпошии иқтисодии ба хаёли худашон чандмоҳаро заминае барои таҳаққуқи мақсадҳои сиёсии шум медонистанд, аммо пас аз даҳ сол сангари тавлиду иқтисоди кишвар биҳамдиллоҳ побарҷост.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд, ҷаҳиши тавлид бо беҳбуди шохисҳои иқтисодӣ ҳамчун иштиғоли пойдор, равнақи содирот, даромади арзӣ ва коҳиши нархи таваррумро ба дунбол дорад ва истиқлоли иқтисодиро, ки зомини иззату амнияти миллӣ ва афзоиши эътимод ба нафси миллӣ аст, ба дунбол меоварад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд, бунгоҳҳо ва тавлидкунандагоне будаанд, ки мунтазири бардоштани таҳриму натоиҷи музокирот намонданд ва бо кору талош, ба намунаҳои муваффақе табдил шуданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар мавриди донишбунён шудани саноеи бузург низ таъкид карданд, бояд дар ин замина аз тавоноӣ ва дониши ҷавонони хушистеъдод истифода шавад, ҳамон тавр, ки дар ҳар ҷое аз воксани корона то мушаки нуқтазан, ки ба ҷавонон эътимод ва аз онҳо кор хоста шуд, воқеан дурахшиданд.

Пеш аз суханони Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ 14 тан аз фаъолон аз бахшҳои мухталифи тавлид назарот ва дидгоҳҳои худро баён карданд.

 

Барчасп