Январ 31, 2022 10:41 Asia/Dushanbe
  • Посухи кинояомези Ғарибободӣ ба ду мақоми ҳуқуқи башарии Фаронса ва Олмон

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон дар вокуниш ба дифои сафири ҳуқуқи башари Фаронса ва комиссари ҳуқуқи башари Олмон аз як маҳкум дар Эрон гуфт, ин ду мақоми фаронсавӣ ва олмонӣ ба ҷои дифоъ аз як маҳкум, дар мавриди қурбониёни Мунофиқин дар Эрон низ мавзеъгирӣ кунанд.

Ахиран сафир ва комиссари ҳуқуқи башари Фаронса ва Олмон ба маҳкумияти Наргис Муҳаммадӣ, ки ба ҷурми халалдор кардани амнияти миллӣ дар боздошт ба сар мебарад, вокуниш нишон доданд ва хостори озодии фаврии ин зиндонӣ шуданд.

Козими Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон бо интишор твитте навишт: «Ин ду мақоми фаронсавӣ ва олмонӣ агар дағдағаи ҳуқуқи башар доранд, ба ҷои дифоъ аз як маҳкум, дар мавриди қурбониёни Мунофиқин дар Эрон, ки озодона дар ин кишварҳо фаъолият мекунанд низ мавзеъгирӣ кунанд”.

Ғарибободӣ дар идомаи ин паём афзуд: «Ростӣ, мавзеи комиссари олмонӣ дар мавриди маҳрумияти 15 солаи Козими Доробӣ аз дидор бо фарзанди духтараш дар Олмон чист?»

Козими Доробӣ, донишҷӯ ва тоҷири эронии муқими Олмон ба иттиҳоми мушорикат дар ҳодисаи террористии ресторани Миконоси Олмон ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, аммо баъд аз 15 сол додгоҳи Олмон натавонист собит кунад, ки Доробӣ дар ин ҳодиса нақш доштааст, аз ин рӯ ин эронии бегуноҳро озод кард.

 

 

 

 

 

Барчасп