Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар марқади мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) ва гулзори шуҳадо
(last modified 2022-01-31T06:48:30+00:00 )
Январ 31, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар марқади мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) ва гулзори шуҳадо

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ саҳаргоҳи имрӯз ва дар остонаи айёмуллоҳи Даҳаи Фаҷр, дар марқади мутаҳҳари бунёнгузори инқилоби исломӣ ва гулзори шуҳадои биҳишти Заҳро саломуллоҳи алайҳо ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар остонаи айёмуллоҳи Даҳаи Фаҷр ва чиҳилусавумин солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нахустин сооти субҳи имрӯз (душанбе) дар марқади бунёнгузори кабири инқилоби исломӣ ҳозир шуданд ва бо иқомати намоз ва қироати Қуръон, ёду хотираи имоми азимушшаъни миллати Эронро гиромӣ доштанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ҳузур бар мазори шаҳидони олимақом Биҳиштӣ, Раҷоӣ, Боҳунар ва шуҳадои ҳодисаи ҳафтуми тири 1360, дараҷоти болои ононро аз Худованди мутаол масъалат карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сипас дар гулзори шаҳидони сарафроз ҳузур ёфтанд ва ба арвоҳи мутаҳҳари мудофеони Ислом ва Эрон адои эҳтиром карданд.

Дувоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (аввали феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз понздаҳ соли дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979) инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид. Ба ҳамин далел, аз рӯзи давоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бистудувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, “Даҳаи Фаҷр” номгузорӣ шудааст ва ҳар сол ҷашнҳову маросими вижаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.

 

Барчасп