Паёми таслияти Раҳбари инқилоб ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме даргузашт фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Оқоҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳи Софии Гулпойгониро таслият гуфтанд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим
Бо таассуф хабари даргузашти фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Оқоҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳи Софии Гулпойгонӣ ризвонуллоҳи алайҳро дарёфт кардам. Эшон аз устувонаҳои ҳавзаи илмияи Қум ва аз барҷастагони илмиву амалӣ ва пурсобиқатарин олими динӣ дар он ҳавзаи муборак буданд.
Дар даврони марҳум оятуллоҳ Буруҷердӣ, дар шумори бартарин шогирди он устоди бузург, дар замони марҳум оятуллоҳ Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ ҳамроҳу мушовири илмиву амалии эшон ва дар даврони инқилоб амину мавриди эътимоди ҳазрати имом Хумайнӣ раҳималлоҳи алайҳим ба шумор мерафтанд.
Солҳо дар Шӯрои нигаҳбон рукни аслии он шӯро маҳсуб мешуданд ва пас аз он ҳам ҳамвора дар бораи масоили инқилобу кишвар дилсӯзонаву масъулона вуруд мекарданд ва борҳо инҷонибро аз назароту машваратҳои худ мутталеъ ва баҳраманди месохтанд. Қареҳаи шеърӣ, ҳофизаи таърихӣ, пардохтан ба масоили иҷтимоӣ аз дигар абъоди шахсияти ин олими куҳансолу бузургвор буд.
Реҳлати эшон барои ҷомеиаи илмии динии кишвар мояи таассуф аст. Инҷониб ба хонадони мукарраму фарзандони гиромии эшон ва низ ба мароҷеи муаззаму уламои эъломи ҳавзаи илмия ва муқаллидону иродатмандони эшон, бавижа дар Қум ва Гулпойгон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфирати Илоҳиро барои эшон масъалат менамоям.
Сайид Алии Хоманаӣ
12 баҳмани 1400