Феврал 02, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Дидору ройзании намояндагони вижаи Эрон ва Қатар дар умури Афғонистон

Намояндагони вижаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Қатар дар умури Афғонистон дар Доҳа дидору ройзанӣ карданд.

Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон (сешанбе) дар Доҳа бо Мутлақ бин Моҷид Ал-Қаҳтонӣ, намояндаи вижаи Қатар дар умури Афғонистон дидор ва дар хусуси заминаҳои ҳамкорӣ перомуни Афғонистон табодули назар кард.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва суботу амнияти ин кишвар таъкид кардааст.

Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ таъкид кард: Ба мардуми Афғонистон фикр мекунем ва ба онҳо мутааҳҳидем ва дар айни ҳол тамомии саъйи худро ба кор мегирем, ки ба ояндаи Афғонистон кумак кунем”.

 

Барчасп