Таҷдиди паймоне дубора дар чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон
Мардуми Эрон бо ҳузур дар роҳпаймоӣ бо мошинҳо рӯзи 22 баҳман, бори дигар бо ормонҳои инқилоби исломӣ паймоне дубора бастанд.
Имрӯз - ҷумъа, 22 баҳмани 1400 мелодӣ, баробар бо 11 феврали 2022, чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст.
Инқилоби исломии Эрон соли 1979 мелодӣ (1357) ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.
Майдони Озодии Теҳрон дар 22 баҳмани ҳар сол шоҳиди ҳузури пуршӯри мардум аст.
Моторсаворон бо тасовире аз сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва парчами Эрон, чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ҷашн гирифтанд.
Пахши сурудҳои инқилобӣ дар масири роҳпаймоии мошинҳо ва тазъйини маёдину хиёбонҳои аслӣ бо парчамҳои Эрони исломӣ аз вижагиҳои маросими имсол аст.
Барномарезиҳои лозим барои баргузории роҳпаймоии явмуллоҳи 22 баҳман бар асоси дастуруламали Ситоди мубориза бо корона бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ анҷом шудааст.
Мардуми ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломӣ соли гузашта низ ба далели густариши вируси корона бо роҳпаймоии мошинӣ солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ҷашн гирифтанд.