Боз шудани масири транзитии Теҳрон ва Ереван, талоши ду кишвар барои ҳифзи равобити ҳамсоягист
(last modified Sat, 19 Feb 2022 16:44:46 GMT )
Феврал 19, 2022 21:44 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани масири транзитии Теҳрон ва Ереван, талоши ду кишвар барои ҳифзи равобити ҳамсоягист

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо вазири хориҷаи Арманистон таъкид кард: Боз шудани масири транзитии Теҳрон- Ереван, талоши ду кишвар барои ҳифзи равобити ҳамсоягист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо Оророт Мирзоян, вазири хориҷаи Арманистон, дар ҳошияи панҷоҳуҳаштумин канфронси амнияти Мюнхен равобити дуҷонибаи байни Теҳрон ва Ереванро дар ҳоли густариш тавсиф карда гуфт: Боз шудани масири транзитӣ дар камтарин замон, аз талоши ду кишвар барои ҳифзи равобити пойдори ҳамсоягӣ аст.

  • Амир Абдулоҳиён, дар ин дидор дар хусуси тавсеаи густариши равобити дуҷониба ва бархе масоили мавриди эҳтимоми муштарак дар арсаҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ гуфтугӯ ва табодули назар намуд.
  • Вазири умури хориҷаи Эрон равобити дуҷонибаи байни Теҳрон ва Ереванро дар ҳоли густариш тавсиф карда гуфт: Боз шудани масири транзитӣ дар камтарин замони мумкин аз талоши ду кишвар барои ҳифзи равобити пойдори ҳамсоягӣ аст.
  • Амир Абдуллоҳиён, ҳифзу субот ва амният дар минтақаи Қафқозро аз авлавиятҳои қатъии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва бар мухолифати Теҳрон бо ҳар гуна тағири геополикӣ дар минтақа, таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Арманистон, низ  дар ин дидор зимни ташаккур аз кӯмакҳои Эрон ба ҳифзи сулҳ ва суботи минтақа, гузорише аз охирин вазъияти таҳаввулот дар Қафқоз ироа кард.

Ородот Мирзоян таъкид кард: Ереван хостори пайгирии ҷиддии тарҳҳои муштараки таърифшудаи байни ду кишвар ва ҳамчунин омодаи ирсоли ҳайатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фаннӣ ба Эрон дар ин росто мебошад.

 

Барчасп