Раисӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Макрон : Масъалаи аслӣ барои расидан ба тавофуқ, таъмини манофеи миллати Эрон аст
(last modified 2022-02-20T04:35:34+00:00 )
Феврал 20, 2022 09:35 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Макрон : Масъалаи аслӣ барои расидан ба тавофуқ, таъмини манофеи миллати Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Фаронса таъкид кард : Масъалаи аслӣ барои расидан ба тавофуқ, таъмини манофеи миллати Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайидиброҳими Раисӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса бо баёни инки ҳайати эронӣ бо ҷиддият дар ҳоли пешбурди музокироти Вена аст, гуфт : Эрон дар тӯли музокирот пешниҳодҳои созандае ироа кардааст ва пешниҳодҳои матраҳшуда аз сӯи тарафҳои дигари музокираро бар асоси мизони интибоқи онҳо бо манофеи миллати Эрон мавриди баррасӣ қарор додааст .

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар идома бо баёни инки ҳайати эронӣ борҳо эълом карда аз ибтикороте, ки мутазаммини таъмину ҳифзи ҳуқуқи миллати Эрон бошанд, истиқбол мекунад, афзуд : Фишорҳо ё иддаоҳои сиёсӣ бо ҳадафи ҳифзи аҳруми фишор бар миллати Эрони матраҳ шудаанд ва чашмандози ҳусӯли тавофуқро тазъиф мекунанд .
Раисӣ таъкид кард : Ҳар гуна тавофуқе дар Вена бояд шомили лағви таҳримҳо, ироаи тазмини муътабар ва баста шудани масоил ва иддаоҳои сиёсӣ гардад.
Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба инки собиқаи таъомули Эрон бо Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва гузоришҳои мутаъаддиди ин ожонс мабнӣ бар таъйиди сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон гувоҳ бар дуруғин будани иддаоҳои бархе кишварҳост, гуфт : Эрон барои исботи ҳусни нияти худ ҳамвора бар ҳамкории ҳирфае бо Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ таъкид доштааст ва дар ин росто бояд муроқиби фитнаангезии душманон буд .

Раиси ҷумҳурии Фаронса низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ гуфт : Пешрафтҳои хубе дар музокироти Вена ҳосил шудааст ва ин умедвориро дорем, ки музокирот ҳар чӣ зудтар ба натиҷа бирасад .

 

Барчасп