Феврал 23, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 60 дарсадии содироти Эрон ба Русия

Раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Русия аз афзоиши беш аз 60 дарсадии содироти Эрон ба Русия аз ибтидои соли ҷорӣ 1400 шамсӣ то кунун хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳодӣ Тезҳуштобон, раиси утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Русия бо ҳузур дар ин конфронс бо истинод ба омори гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши беш аз 60 дарсадии содироти Эрон ба кишвари Русия аз ибтидои имсол 1400 шамсӣ то кунун хубар доду гуфт: Барои тавсеаи содирот дар кишвар бояд зерсохтҳо аз ҷумла таъминоти нақлиётӣ мавриди бознигарӣ қарор гирад. Ин зарфият дар марзи Астрахан бо Эрон вуҷуд дорад ва ин марз ба унвони як марказӣ иқтисодӣ метавонад замина ва тақвияти ҳузури содиркунандагон дар Русияро фароҳам карда ва сакуи тиҷорат бо ин кишвар бошад.

  • Аҳмад Асли Рукнободӣ, мушовири фраксиёни тиҷорати дохилӣ ва хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ дар ин канфронс аз роҳандозии хонаи тиҷорати хориҷии Эрон дар кишварҳои дигар хабар доду гуфт: Барои ҳаракати тиҷорати хориҷии Эрон дар кишварҳои дигар ниёз ба ройзаниҳои иқтисодии бештар дорем.
  • Рукнободӣ бо ишора ба тавсеаи содироти маҳсулоти петрошимии Эрон гуфт: Бар асоси оморҳои мавҷуд кишвари Русия дорои маводи аввалия барои тавлиди маҳсулоти петрошимӣ аст аммо ҳамеша мизони тақозои он бештар аз тавлид аст аз ин ру солона 30 миллиард доллар воридоти анвоъи маҳсулоти петрошимӣ дорад ва Эрон метавонад аз ин фурсат ба беҳтарин шакл истифода кунад.

 

Барчасп