Сухангӯи Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон: Шароит барои тавофуқи бурд - бурд омода аст
(last modified 2022-02-28T10:30:54+00:00 )
Феврал 28, 2022 15:30 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Эрон: Шароит барои тавофуқи бурд - бурд омода аст

Сухангӯи Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, акнун дар музокироти Вена шароит барои тавофуқи бурд - бурд омода аст, аммо тӯб дар замини ғарбиҳост.

Маҳмуд Аббосзода Мишкинӣ изҳор дошт, агар ғарбиҳо ҳусни ният ва ҷиддият дошта бошанд, ба тавофуқи хубе хоҳем расид, тавофуқе, ки ҳам нигаронии онҳоро бартараф кунад ва ҳам таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон лағв шавад.

Намояндаи Маҷлиси Шурои исломии Эрон афзуд, хушбахтона то кунун хеле аз масоил равшан шудааст ва нигоҳамон ба музокирот нигоҳи мусбате аст, аммо дар чанд рӯзи ахир бо фазосозии амрикоиҳо ва ҷанги расонаӣ тавассути онон каме фазо тағйир кардааст.

Ӯ гуфт, акнун чанд нукта боқӣ мондааст, ки агар бартараф шаванд ба тавофуқ мерасем, аммо Ҷумҳурии исломии Эрон тарҷеҳ медиҳад тавофуқ накунад, вале зери бори тавофуқи бад наравад.

Сухангӯи Комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Шурои исломии Эрон хотирнишон кард: Теъдоде маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ ба Эрон таҳмил шудааст, ки ҳеҷ тавҷеҳе надорад, агар Ғарб ирода кунад ва имрӯз таҳримҳоро бардорад, ҳамин имрӯз ба натиҷа хоҳем расид.

 

 

Барчасп