Март 06, 2022 15:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз кошти ду ниҳоли мева ба муносибати рӯзи дарахткорӣ бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок таъкид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ ; ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе бо таъкид бар лузӯми тавсеаи энержиҳои пок гуфтанд : Тавсеаи энержиҳои ғайрифусилӣ монанди энержии ҳастае, ки истифода аз он дар дунё рӯзафзӯн аст ва кишварҳои минтақаи мо низ дар ҳоли ҳаракат ба самти он ҳастанд ва низ энержиҳои бодӣ ва хуршедӣ  бояд ҷиддӣ гирифта шавад .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ кошти дарахтро як ҳаракати комилан динӣ ва инқилобӣ хонданд ва афзуданд : Албатта нигаҳдошту ҳифзи дарахтон низ кори бисёр муҳимме аст, ки бояд риоят шавад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ  гиёҳи зиндаро осоишбахши рӯҳу нигаҳдорандаи ҷисми инсон ва манбаи ризқи худододӣ ва ҳамаҷониба барои башар донистанд ва таъкид карданд : Ба ҳамин иллат тахриби ҷангалҳо ва муҳити зисту пӯшишҳои гиёҳӣ, тахриби манофии миллӣ асту вайрон кардани бахше аз ҷангалҳо барои сохту соз ҷуз дар мавориди изтирорӣ қатъан ба зарари миллат аст .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо радди нигоҳи тазйинӣ ва ҳошияӣ ба муҳити зист, ин мавзӯро аз ҷумлаи асоситарин масоили Эрон баршумурданд ва гуфтанд : Яке аз корҳои ҷаддӣ дар ҳифозат аз муҳити зист ҳифозат аз ду сарвати азим ва захираи ҳаётии миллатҳо яъне « об » ва « хок » ва парҳез аз бархурди масрафона бо онҳо аст, ки дар ин замина масъулон бояд ба роҳнамоиҳои мутахассисон тавваҷуҳ кунанд .
« Ҳифозат аз ҳаёти ваҳш(ҳайвонот) » масаълаи дигаре буд ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бетаваҷҷуҳӣ ба онро ба зарари манофии миллӣ донистанд ва гуфтанд : Дар ислом шикор фақат дар сурати ниёз ба тағзия муҷоз аст ва дар ғайри ин сурат ғайримуҷоз ва хилоф аст ва ҳатто сафари шикорӣ сафари ҳаром шумурда шудааст ، Бинобарин бояд ҷилавгирӣ аз шикори ғайриқонуниро ҷиддӣ гирифт ва ба мавзӯи ҳифзи ҳаёти ваҳш иҳтимом дошт .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома Созмони муҳит зист ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эронро муваззаф ба ҷилавгирӣ аз табдили заминҳои кишоварзӣ донистанд ва афзуданд : Ин кор ба зарари манофии миллӣ аст ва заминҳои кишоварзӣ бояд тавсеа пайдо кунад .
Ишон мардумро ба кошту нигаҳдошти дарахтон фаро хонданд ва гуфтанд : Анҷоми ҳамаи корҳои муҳим ниёзманди пуштвонаи миллӣ аст ва дарахткорӣ низ аз ҷумла корҳое аст, ки ҳама мардум метавонанд бо коштану ҳифзи дарахтон ва ҷилавгирӣ аз маҳви дарахтону боғҳои атрофу даруни шаҳрҳо ба густариши пӯшиши гиёҳӣ дар кишвар кумак кунанд .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо табрики рӯзи валодати босаодати ҳазрати Имом Ҳусайн алайҳис-салом,набераи поки Паёмбар(С) ба миллати Эрон  , он вуҷуди шарифро конуни ишқи миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳои мусулмон иборат аз шиъа ва ғайришиъа донистанд .

 

Барчасп