Машҳад ва ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, мизбони ҷашни милоди имом Саҷҷод (а)
(last modified Tue, 08 Mar 2022 09:13:31 GMT )
Март 08, 2022 14:13 Asia/Dushanbe
  • Машҳад ва ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, мизбони ҷашни милоди имом Саҷҷод (а)

Пайравони аҳли байт (а) дар рӯзи панҷуми шаъбон милоди Саҷҷод (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии ислом (с)-ро бо ҳузур дар остони малоики посбони Разавӣ, ҷашн гирифтанд.

Ҳамзамон бо аъёди шаъбония, ҳарами ҳазрати Алӣ бин Мӯсо ал Ризо (а), озинбандӣ шуда ва бӯи атру гулоб аз ҳар сӯ ба машом мерасад.

Image Caption

Ҳузури зоирон дар ин айём бавижа солрӯзи милоди имом Саҷҷод (а) бар маънавияти боргоҳи мунаввари Разавӣ афзӯда ва ҳама аз ин суфраи пурбаракат ба мизони вусъи худ баҳра бар мегиранду раҳи тӯшаи масири зиндагӣ мекунанд.

Ба муносибати солрӯзи милоди имом Саҷҷод (а) нақорраҳои ҳарами мутаҳҳари Разавӣ субҳи имрӯз (сешанбе) навохта шуд.

Ба ҳамин муносибат маросими ҷашни вижае барои зоирон, дар саҳну сарои боргоҳи малакӯтии имом Ризо (а) тадорук дида шудааст.

Ҳамчунин дар шаби милоди ин имом (дишаб душанбе) маросими ҷашни « Саидулсоҷиддин» бо иҷрои барномаҳои мутанавии фарҳангӣ дар равоқи имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор шуд.