Март 08, 2022 19:46 Asia/Dushanbe
  • Сафари шаҳрдори Теҳрон ба Тоҷикистон
    Сафари шаҳрдори Теҳрон ба Тоҷикистон

Шаҳрдори Теҳрон вориди шаҳри Душанбе шуд.

Шаҳрдори Теҳрон дар раъси ҳайате бо ҳадафи ширкат дар шашумин нишатси Маҷмаъи умумии шаҳдорони Осиёӣ, вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон дар раъси ҳайате муташаккил аз шаҳрдорони Машҳад, Қазвин, Кирмон, Буҷнурд, Арок, Кирмоншоҳ ва бархе мақомоти шаҳрдориҳои мазкур ба манзури ширкат дар шашумин нишасти Маҷмаъи умумии шаҳрдорони осиёӣ вориди Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе қарор гирифт.

Дар ин Маҷмаъ, ки дар 18 ва 19 исфандмоҳ бо шиъори "Сармояи иҷтимоъии шаҳри эътимод ва мушорикати умумӣ"  баргузор мешавад, қарор аст дар мавриди мавзуъоте монанди "Шаҳрҳои ҳушманд" "Тобоварии шаҳрӣ, саломат ва балоё" "Ҳамлу нақл ва трофик (пробпка)," "Зистпазирии шаҳрӣ, муҳитӣ зист ва шаҳрҳои сабз" "Иқтисоди шаҳрӣ, сармоягузорӣ ва таъмини молии шаҳрдорӣ" "Фарҳанги шаҳрӣ ва шаҳрҳои халлоқ" "Ҷавонон, хонавода ва занон" "Шӯрои шаҳр" ва "Пажӯҳиш ва навоварии шаҳрӣ" баҳсу табодули назар шавад.

Маҷмаъи шаҳдорони осиёӣ дар соли 2008 ба унвони як Созмони байналмиллалии ғайридавлатӣ ва ғайриинтифоъӣ эҷод шуда ва ҳадафи он густариши равобит байни шаҳрдорон ва раҳбарони шаҳрӣ дар Осиё аст.

 

Барчасп