Март 09, 2022 15:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷамъи чанд кишвари дорои фанноварии партоби моҳвора

Фармондеҳи фазоии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, 100 дарсад фанноварии моҳвораи «Нур- 2» эронӣ аст.

Дуюмин моҳвораи низомии Эрон бо номи «Нур – 2» рӯзи сешанбе тавассути моҳворабари «Қосид»-и Нерӯи ҳавофазои сипоҳ ба фазо партоб шуд ва бо муваффақият дар мадори 500 километрии замин қарор гирифт. Ин дуюмин моҳвораи низомии Эрон аст, ки дар мадори наздики Замин қарор мегирад.

Сартип Алии Ҷаъфарободӣ, фармондеҳи фазоии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорон бо ишора ба партоби муваффақиятомези моҳвораи «Нур – 2» изҳор дошт, маъмурияти моҳвораи «Нур – 2» монанди моҳвораи «Нур – 1» шиносоӣ ва санҷишӣ аст.

Сардор Ҷаъфарободӣ ба корбурдҳои мухталифи моҳвораи «Нур – 2» ишора ва тасреҳ кард: Ин моҳвора дар ҳавзаи офатҳои табиӣ, мизони обгирифтагии селобҳо, санҷиши маҳсулоти зеркишти кишоварзӣ ва ҳавзаи дифоӣ, шиносоии аҳдоф ва ҳушёрӣ метавонад кумак кунад.

Фармондеҳи фазоии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Эрон афзуд, мадори моҳвораи «Нур – 2» тавре тарроҳӣ шудааст, ки аз қутбайн гузар надорад, вале бештарин гузарро аз Эрон ва Ғарби Осиё дорад.

Сардор Ҷаъфарободӣ бо баёни ин ки фанноварии партобгар хеле маҳдуд аст, гуфт, 10 то 12 кишвар дар дунё ҳастанд, ки ҳам метавонанд моҳвора бисозанд ва ҳам моҳворабар доранд, ки метавонанд партоб кунанд. Ин нишон медиҳад, ки фанноварии партобгар хеле болост.

Фармондеҳи фазоии Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Эрон афзуд, ин фанноварӣ ба баракати фаъолиятҳое, ки дар ҳавзаи мушакӣ анҷом шуда, дар дохили Эрон мавҷуд аст ва фанноварие нест, ки кишварҳои дигар дар ихтиёри мо қарор диҳанд.

 

Барчасп