Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо
(last modified 2022-03-13T04:51:47+00:00 )
Март 13, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бар лузӯми шинохти ҷабҳабандиҳо ва интихоби мавзеи дурусту омодагии нақшофаринӣ ба сӯди ҷабҳаи ҳақ таъкид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба панҷоҳу шашумин нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бо ишора ба таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии ахир бар шинохти шинохти ҷабҳабандиҳо ва интихоби мавзеи дурусту омодагии нақшофаринӣ дар таҳаввулот ба сӯди ҷабҳаи ҳақ таъкид карданд .

Дар матни паёми Раҳбари муаъаззами инқилоби исломӣ омадааст : Донишҷӯёни азиз рӯйдодҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ин рӯзҳо ташкилдиҳандаи бахше аз ҳамон печи торихии ҷаҳон аст, ки гумони он рафта буд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми худ таъкид карданд : Нухбагону зубдагони миллати бузурги мо дар ин марҳала ҳомили масъӯлиятҳои вижаанд.
Раҳбари муаъаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд : Шинохти ҷабҳабандиҳо ва сафороиҳо ва интихоби мавзеи дуруст, масъӯлияти кӯтоҳмуддат ва омодагӣ барои нақшофарӣнӣ дар таҳаввулот ба сӯди ҷабҳаи ҳақ,вазифаи миёнмуддати онон аст .

Ишон дар паёми худ афзуданд : Шумо ҷавонони азиз метавонед дар ҳар ду бахш бидурахшиду умед ба анҷуманҳоеро,ки музайян ба номи мубораки Ислом аст, борвар намоед.

 

Барчасп