Расидан ба тавофуқи пойдор, мусталзими рафтори воқеъбинонаи Амрико аст
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёния ин ки агар ҳамаи хутути қирмизи мо риоят шавад омодаи тавофуқи ниҳоӣ ҳастем, гуфт: Он чи метавон расидан ба тавофуқи хуб ва поёдорро қатъ кунад рафтори воқеъбинонаи Амрико ва адами тарҳи матолиботи ҷадид ва нодурӯст аст
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон ва Лиз Трасс вазири умури хориҷаи Инглис дар душанбе шаб дар як тамоси телефони, пиромуни масоъили марбут ба равобити дуҷониба ва таҳавуллоти байналмиллалӣ гуфтугӯ карданд.
Амир Абдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефони зимни истиқбол аз бозпардохти бадеҳии беш аз чаҳор даҳҳаи Инглис ба унвони ҳаққи миллати бузурги Эрон, ибрози умедвори кард бо иқдомоти эътимодсоз, заминаи тавсияи равобит фароҳам шавад.
Вай таъкид кард, ки ба нуқтаи ниҳоии расидан ба тавофуқи хуб ва пойдорро қатъи кунанд рафтори воқеъбинонаи Амрико ва адами тарҳи матолиботи ҷадид ва нодурӯст аст.
Амир Абдуллоҳиён афзуд: Агар ҳамаи хутути қирмизи мо риъоят шавад омодаи тавофуқ ҳастем.
Лиз Трасс вазири умури хориҷаи Инглис низ дар ин тамос, аз таҳавуллоти ҷадид дар равобити дуҷониба ибрози хурсанди кард ва хостори густариши равобити дукишвар шуд.
Ҳамчунин тарафайн дар ин гуфтугӯ дар мавриди охирин вазъияти музокироти Вена ба табодули назар пардохтанд ва нисбат ба ҳусули тавофуқи ниҳоӣ ибрози умедворӣ карданд.
Бештар бихонед: