Тасовии “Персполис” ва “Истиқлол”
(last modified Fri, 18 Mar 2022 11:41:07 GMT )
Март 18, 2022 16:41 Asia/Dushanbe
  • Тасовии “Персполис” ва “Истиқлол”

“Персполис” ва “Истиқлол” дар як бозии пурҳаяҷон ба тасовии як бар як расиданд то шикастнопазирии “Истиқлол” ва фосилаи шашимтиёзии “Персполис” то садр ҳифз шавад.

Ба гузориши "Варзиши 3", дар як бозии ҳассос, тамошоӣ ва ҷанҷолӣ дар Лигаи бартари футболи Эрон, “Персполис” натавонист аз танҳо голи нимаи аввали худ муҳофизат кунад ва Фарҳоди Маҷидӣ бо таъвизҳои тиллоии худ корро ба тасовӣ кашонд.

Персполис”, ки дар нимаи аввал ва то даҳ дақиқаи монда ба поёни бозӣ ҷулу буд, натавонист дар дақоиқи поёнӣ бартарии худро нигаҳ дорад то муҳимтарин бурди худро аз даст бидиҳад.

Ин натиҷаи мусовӣ барои обиҳо ҳукми бурдро дошту ҳаводорони “Истиқлол” шодмон ба хона рафтанд.

Бо ин натиҷа фосилаи шашимтиёзии “Истиқлол” бо “Персполис” ҳифз шуд ва ин тим шонси қаҳрамониро барои худ болотар нигаҳ дошт.