Раисӣ: Қадрдони эътимоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба руйкардҳо ва талошҳои давлат ҳастем
(last modified 2022-03-23T16:41:25+00:00 )
Март 23, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Қадрдони эътимоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба руйкардҳо ва талошҳои давлат ҳастем
    Раисӣ: Қадрдони эътимоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба руйкардҳо ва талошҳои давлат ҳастем

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар нахустин ҷаласаи ҳайати давлат дар соли 1401 таъкид кард: Қадрдони эътимоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба руйкардҳо ва талошҳои давлат ҳастем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар нахустин ҷаласаи ҳайати давлат дар соли 1401 бо умедбахш ва масъулиятофарин тавсиф кардани фармоишоти ахири Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ гуфт: Ҳамаи дастгоҳҳои иҷроӣ бояд ба таври муназзам талошашон барои таҳаққуқи шиъори солро гузориш кунанд.

Раисӣ афзуд: Муҳимтарин шохиси арзёби дар давлат дар соли 1401 иқдомоти донишбунён ва иштиғолофарини онҳо аст.

Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт: Бахши муҳим ва асосӣ майдон додан ба мардум дар масоили иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ аст, ки метавонад масоилро ҳал кунад.

Раисӣ хотирнишон кард: Ин давлат гомҳое бардошт, ки рушан шуд таҳти таҳрим ва фишор ҳам мешавад  корҳоро ба пеш бурд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар идома афзуд: Донишгоҳҳо низ бояд дар матни арсаҳои мухталифи саноъати ва кишоварзӣ ҳузур ёфта ва дар канори мабоҳис ва фаъолиятҳои илмӣ ва академӣ барои ҳалли мушкилот дар майдони амал роҳкор ироа диҳанд.

Раисӣ таъкид кард: Тавлид меҳваритарин ва иксири шиъори сол »Тавлид, донишбунён, иштиғолофарин« аст ва бояд тамоми талоши худро барои равнақи тавлид бо меҳвари донишбунён ва иштиғолзо будан ба кор бигирем.

 

Бештар бихонед: