Апрел 05, 2022 11:05 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳавзаи мӯшакҳои нуқтазан ба болотарин дастовардҳо расидаем

Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, тавони размии нерӯи заминии артиш ба наҳви чашмгире афзоиш пайдо кардааст ва дар ҳавзаи мӯшакҳои нуқтазан ба болотарин дастовардҳо расидаем.

Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ дар дидори фармондеҳону коркунони ситоди ин нерӯ бо ишора ба таъзими қудратҳои бузурги ҷаҳон дар муқобили иқтидори Эрони исломӣ, гуфт: Инқилоби Исломии Эрон бо иқтидори сареҳи худ боис шудааст, ки кишварҳои дорои ҳаққи Вето, ба дунболи роҳе барои розӣ кардани Эрон дар музокирот бошанд.

Вай бо баёни инки иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон, марҳуни се муаллифаи асосӣ аст, афзуд, ин се омил иборатанд аз; раҳбарии низом, ки муттасил ба аиммаи маъсумин (ъ) аст, мактаби раҳоибахши ислом ва мардум, ки нерӯҳои мусаллаҳ низ ҷузъе аз он ҳастанд.

Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ тасреҳ кард, иттиҳод дар кишварҳои исломӣ, мӯҷиби ноумедии рӯзафзӯни душманони ислом хоҳад шуд.

 

Барчасп