Гуфтугуи телефонии Амир Абдуллоҳиён бо вазири умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ
(last modified Sat, 09 Apr 2022 13:27:34 GMT )
Апрел 09, 2022 18:27 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии Амир Абдуллоҳиён бо вазири умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ
    Гуфтугуи телефонии Амир Абдуллоҳиён бо вазири умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Амороти муттаҳидаи арабӣ дар бораи масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла Сурия, таҳавулот дар сарзаминҳои ишғолӣ ва музокироти Вена гуфтугу ва табодули назар карданд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугуи телефонии шайх Абдуллоҳ ибни Зоид оли Наҳён, вазири умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ бо табрики фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба давлат ва миллати Аморот, равобити ду кишварро ру ба пешрафт тавсиф карду гуфт, дидор ва ройзаниҳои хуби миёни мақомоти ду кишвар барқарор шуда аст.

Амир Абудуллоҳиён бо баёни ин ки ҳеҷ маҳдудияте барои тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳо вуҷуд надорад гуфт: Фаъол шудани кумитаҳои равобити дуҷониба дар мавзуъоти мавриди тавофуқ ва табодулни ҳайатҳо дар тақвият ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба муассир аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин аз барқарории оташбаси муваққат дар Яман истиқбол ва ибрози умедворӣ кард, муҳосираи инсонии Яман лағв ва музокироти сиёсии ҳамаи тарафҳои яманӣ барқарор шавад.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон режими саҳюнистиро таҳдиде барои кулли кишварҳои минтақа донист ва таъкид кард, бояд талош кар то авомили буҳронофарин натавонанд дар минтақа ҳузур дошта бошанд.

Вазири умури хориҷаи Аморот низ ибрози умедвори кард равобити решадори ду кишвари Эрон ва Амороти муттаҳидаи арабӣ дар соли ҷадид беш аз пеш густариш ёбад.

Шайх Абдуллоҳ ибни Зоид оли Наҳён бо ишора ба манофеъи муштараки ду кишвар дар тавсеаи равобити дуҷониба дар арсаҳои мухталиф баррасии фурсатҳои густардаи ҳамкориҳои муштаракро хостор шуд.

Вазири умури хориҷаи Аморот дар бораи шароити ҷадид низ гуфт: Амороти муттаҳидаи арабӣ ба ҳеҷ тараф иҷозаи иқдомоти харобкорона ё таҳрикомез аз хоки худ зидди кишварҳои ҳамсояи Аморотро нахоҳад дод.