Апрел 11, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Қатар дар ҳавзаи ҳамлунақл

Вазири ҳамлунақл ва иртибототи Қатар гуфт, мавонеи пеширӯи ҳавзаи ҳамлунақл ва интиқоли мусофирони қатариву эронӣ ба ҳар 2 кишвар бартараф мешавад.

Октябри соли ҷорӣ Қатар мизбони мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол аст.

Бо тавваҷуҳ ба наздикии ҷазираи Кеш ба кишвари Қатар, Эрон барои баҳрагирӣ аз Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар дар ҳоли фароҳам намудани бистарҳои лозим барои ҷазби гардишгар дар ин ҷазира аст.

Фосилаи ҷазираи Кеш то Қатар 270 километр аст, ки муддатзамони мусофират аз ин ҷазира ба Доҳа бо ҳавопаймо ҳудуди 40 дақиқа ва бо киштӣ панҷ то шаш соат аст.

Ҷазираи Кеш бо 92 километри мураббаъ масоҳат ва 42 ҳазор нафар ҷамъият, аз тавобеи шаҳристони бандари Лингаи устони Ҳурмузгон, дар ҷануби Эрон буда, дар обҳои нилгуни халиҷи Форс воқеъ шудааст.

Ҷосим бин Сайф Ассулайти, вазири ҳамлунақл ва иртибототи Қатар рӯзи якшанбе дар сафар ба ҷазираи Кеши устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон) гуфт, Ҷоми Ҷаҳонӣ аз мавориди муҳими ҳамкориҳои муштарак байни Эрон ва Қатар аст, ки рафъи мавонеи пеширӯи ин ҳамкориҳо, густариши равобити дуҷониба байни 2 кишварро ба дунбол хоҳад дошт .

Вазири ҳамлунақл ва иртибототи Қатар изофа кард, дар ростои ҳамкориҳои муштарак, алоқаманд ба ироаву эҷоди бархе имтиёзҳо барои эъзоми тамошогарони эронӣ ҷиҳати сафар ба Қатар ҳастем ва ин масъала мусталзими ҳамкориҳои дуҷониба байни вазоратхонаҳои ҳамлунақл ва иртибототи кишвари мо ва роҳу шаҳрсозии Эрон аст.

Ассулайти бо табрики роҳёбии Эрон ба Ҷоми Ҷаҳонӣ гуфт, бидуни шак Эрон бозигари аслии минтақа аст ва илова бар ҳамкорӣ дар заминаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дар соири ҳавзаҳо, аз ҷумла дарёӣ низ истиқбол мекунем.

Рустами Қосимӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷосим бин Сайф Ассулайти, вазири ҳамлунақл ва иртибототи давлати Қатар бо ҳузур дар ҷазираи Кеш дидорҳои дуҷониба бо ҳам хоҳанд дошт.

Ин вазирон дар хусуси пуштибонии Эрон аз баргузории Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар, аз ҷумла роҳандозии хутути муназзами киштиронӣ байни бандарҳои 2 кишвар ва тавофуқ барои истифодаи бештари хутути ҳавоии тиҷории Қатар аз осмони Эрон, дидору гуфтугӯ хоҳанд дошт ва тафоҳумномаҳое низ имзо хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп