Ҷонишини фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Эрон:
Артиш дар авҷи қудрату омодагӣ қарор дорад
Ҷонишини фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Эрон бо баёни ин ки артиши ҷумҳурии исломӣ дар авҷи қудрату омодагӣ қарор дорад, гуфт: режаи ҳавоӣ дар рӯзи Артиши Эрон баргузор мешавад.
Сартип Меҳдии Ҳодиён дар ҷамъи фармондеҳон, халабонон ва коркунони фаннии ширкаткунанда дар паради ҳавоии Рӯзи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар пойгоҳи ҳавоии шаҳид Лашкарии Теҳрон изҳор дошт: Режаи ҳавоии Рӯзи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба навъе ироаи тавонмандии размии артиш ва эъломи омодагии размӣ дар посухгуӣ ба ҳар гуна таҳдид ва дар ҳар сатҳе аст.
Амири Ҳодиён паёми парвози ҷангандаҳои Неруи ҳавоии артиши Эрон дар осмонро паёми иқтидори миллӣ донисту афзуд: Ғурриши ҷангандаҳои Неруи ҳавоии артиши Эрон дар канори намоиши соири таҷҳизоту таслеҳоти Неруҳои мусаллаҳ, дар маросими паради Рӯзи Артиш, паёми маънодоре ба вижа барои душманони кишвар дорад ва ҳама бояд бакӯшем бо як режаи бошукӯҳу эмин, дар ироаи паёми пурсалобат ба таври шоиста нақшофарин бошем.
Ҷонишини фармондеҳи Неруи ҳавоии артиши Эрон таъкид кард, омодагӣ ва тавони размии артиши Эрон боиси ифтихору ғурур ва мояи умеду дилгармии миллати Эрони исломӣ ва муҷиби ноумедии душманон аст.
29 фарвардин (18 апрел) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи Артиш номгузорӣ шудааст.