Ҳар гуруҳе дар дунё бо режими саҳюнистӣ мубориза кунад аз он ҳимоят мекунем
(last modified 2022-04-14T10:51:52+00:00 )
Апрел 14, 2022 15:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳар гуруҳе дар дунё бо режими саҳюнистӣ мубориза кунад аз он ҳимоят мекунем

Фармондиҳи неруии Қудси Сипоҳ таъкид кард : Аз ҳар гуруҳи муборизии алайҳи режими саҳюнистӣ дар дунё пуштибонӣ мекунем ва ин пуштибонӣ ҳамчунон идома дорад .

Дар 20 рӯзи ахир чандини амалиёти шаҳодатталабонаи ҷавонони фаластинӣ ، дар Телвтв дигари манотиқи сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи низомиёни исроилӣ сурат гирифта, ки нишон аз поёни сабри фаластиниҳо нисбат ба ҷиноёти саҳюнистҳо дорад .
Ба гузориши ИРНА, сардор Исмоили Қоонӣ,фармондиҳи неруи Қудси Сипоҳ имрӯз ( панҷшанбе ) дар ойини нахустин солгарди сардори шаҳид Ҳиҷозӣ-ҷонишини неруи Қудси Сипоҳ гуфт : Ҷавонони фаластинӣ, ки дар Фаластин амалиёт мекунанд сармояҳои наҳуфтаи даруни сарзамини Фаластин ва насли чаҳорум ва панҷум ҳастанд, ки ин гуна фидокорона тамоми системаҳои режими саҳюнистиро ба ҳам рехтанд .
Сардор Қоонӣ бо баёни инки ҳар куҷое ташхис бидиҳем бархурди ҷиддӣ бо саҳюнистҳо хоҳем кард ва онҳо кучактар аз он ҳастанд ки бо Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамовардӣ кунанд, афзуд : Ба нобудии режими саҳюнистӣ суръат дода мешавад .
Сардори Қоонӣ тасреҳ кард : Мадорики мусаллам аз ҷиноёти саъудиҳо дар Яман дорем .
Фармондиҳи неруии Қудси Сипоҳ ҳамчунин гуфт : Дар ҷабҳаи муқовимат мардум медонанд ки шаҳид Ҳиҷозӣ-ҷузъи барҷастатарин мардон дар ҳавзаи муқовимат аст ва аз қабл аз инқилоб фаъолиятҳои худро анҷом доду зиндону шиканҷа боис нашуд аз роҳаш хориҷ шавад ва дар дифои муқаддас низ ҳузур дошт .
Ойини нахустин солгарди шаҳодати сардори сарлашкари посдор Сайидмуҳаммади Ҳусайнзодаи Ҳиҷозӣ-ҷонишини неруи  Қудси Сипоҳи посдорон, имрӯз дар толори вазорати кишвар баргузор шуд .
 

 

Барчасп