Апрел 14, 2022 16:19 Asia/Dushanbe
  • Оғози маросими бузургдошти « Рӯзи миллии Аттор » бо паёми вазири иршод дар Нишобур

Ойини бузургдошти рӯзи миллии Аттори Нишобурӣ имрӯз ( панҷшанбе ) ، 25 фарвардинмоҳ, бо паёми вазири фарҳангу иршоди исломӣ дар НишобурД оғоз шуд .

Дар паёми Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ омадааст : « Осмони ҳамвора тобноки Эрони исломӣ маъмани ситорагони пурнуре аст, ки фарози фарҳанги Эронзамин арсаи чархиши қаламҳову арақрезони рӯҳ ва розҳои наҳуфта дар ҷодӯи каломи онон аст . Шайх Фаридуддин Муҳаммад Аттори Нишобурӣ дар зумраи ин мафохири дурахшонаст, ки овозааш марзҳои ҷуғрофиёиро дарнавардидаву сухани нобаш  тасвири Эрони адабпарвармонро зеботар ва дилнишинтар сохтааст .
Бузургдошти ин орифу шоири шаҳир  гоми асаргузор дар роҳи тақвияти ҳувияту худбоварии Эрони исломӣ, тавсеъаву таъмиқи ҳамдилӣ ва ҳамзабонии миллӣ ва ҳамбастагӣ ва ҳамгаройии минтақаӣ дар ростои рушду эътилои дипломасии фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меравад . Бар ҳамин асос ҳамаи кӯшишҳои илмӣу фарҳангӣ дар ин ҳавза қобили ситоишу шоистаи сипосгузорӣ аст
Дар ҳошияи барномаҳои рӯзи миллии Аттори Нишобурӣ коргоҳҳои хушнависӣ, коргоҳи суфоли вижаи кӯдакону навҷавонон, коргоҳи наққошӣ ва пӯиши хонаводаии китобхон бо меҳварияти китобҳои шайх Аттор барпо шудаасту имшаби соъати 22 : 30 оромгоҳи шоир бо ҳузури масъӯлону мардум гулборон мешавад .

 

 

Барчасп