Ташйиъи пайкари оятуллоҳ Мӯсавии Ардабилӣ дар Қум
(last modified Fri, 25 Nov 2016 12:47:15 GMT )
Ноябр 25, 2016 17:47 Asia/Dushanbe

Пайкари оятуллоҳилузмо Сайид Абдукарим Мӯсавии Ардабилӣ, аз мароҷеи бузурги тақлид дар Эрон бо ҳузури шахсиятҳои олирутбаи мазҳабӣ, кишварӣ ва лашкарии Эрон ва ҳузури густардаи мардум дар шаҳри Қум ташйиъ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, имрӯз-ҷумъа, дар маросими ташйиъи пайкари оятуллоҳ Мӯсавии Ардабилӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯроии исломӣ ва теъдоде аз намояндагон, вазирон, масъулони қувваи қазоияи Эрон ва масъулони ҳавзаи илмияи Қум низ ҳузур доштанд.

Пайкари оятуллоҳилузмо Мӯсавии Ардабилӣ пас аз иқомаи намоз дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с), хоҳари Имом Ризо (а) ба хок супурда шуд.

Оятуллоҳилузмо Мӯсавии Ардабилӣ рӯзи чаҳоршанбе дар 91- солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Вай аз соли 1981 то 1989 раёсати Девони олӣ дар Эронро бар ӯҳда дошт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон имрӯз дар маросими ташйиъи оятуллоҳ Мӯсавии Ардабилӣ, эшонро аз шахсиятҳои баному муассир дар инқилоби исломӣ хонд ва реҳлати ин марҷаи олиқадрро зоеае бузург барои ҳавзаҳои илмияву низоми Ҷумҳурии исломии Эрон донист.