Апрел 18, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Кучактарин таҳарруки режими саҳюнистӣ аз диди неруҳои мусаллаҳи мо махфӣ нест

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки кучактарин таҳарруки шумо (режими саҳюнистӣ) аз диди неруҳои мусаллаҳ ва неруҳои иттилоотиву амниятии мо махфӣ нест, гуфт: Агар кучактарин таҳарруке аз ҷониби шумо алайҳи миллати мо рух диҳад, мақсади неруҳои мусаллаҳи мо маркази режими саҳюнистӣ хоҳад буд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз - душанбе дар маросими режа (парад) -и 29 фарвардин (18 апрел), гиромидошти Рӯзи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар ҷавори марқади мутаҳҳари бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд, бо баёни ин ки пайвастагии артишу сипоҳ бародарӣ ва самимияту ҳамроҳии ин ду созмон ба унвони ду бозуи тавонманди фармондеҳи муаззами кулли қуво мисолзаданӣ аст, гуфт: Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон тавонмандиҳои бисёре доранд, ки меҳваритарин тавонмандии он бархурдорӣ аз неруҳои мухлису маънавиятмеҳвар ва инсонҳои хатарпазир аст.

Вай афзуд: Муҳимтарин муаллафаи қудрат дар кишвари мо мардуми инқилобӣ ҳастанд. Имрӯз тавонои низомии мо на фақат дар минтақа, балки дар ҷаҳон забонзад аст.

Раиси ҷумҳурии Эрони исломӣ идома дод: Артиш аз фурсати таҳримҳо истифода кард ва тавонманд шуд ва имрӯз саноеи низомии мо дар беҳтарин шароит дар кишвар қарор дорад, ба тавре, ки бояд дар саноеи кишвар аз саноати низомиамон баҳра бибарем.

Раисӣ бо таъкид бар ин ки кучактарин таҳарруке аз сӯи душманон бо вокуниши мо мувоҷеҳ хоҳад шуд, гуфт: Паём ба режими саҳюнистӣ ин аст, ки агар ба дунболи оддисозии равобит бо кишварҳои минтақа ҳастед, бидонед, ки кучактарин таҳарруки шумо аз диди неруҳои мусаллаҳ ва неруҳои иттилоотиву амниятии мо махфӣ нест ва бидонед, агар кучактарин таҳарруке аз ҷониби шумо алайҳи миллати мо рух диҳад, мақсади неруҳои мусаллаҳи мо маркази режими саҳюнистӣ хоҳад буд ва қудрати неруҳои мусаллаҳи мо шуморо ором нахоҳад гузошт.

Раисӣ дар идома гуфт: Имрӯз артиш дар дили мардум ҷой дорад ва ин артиш таҳти фармондеҳии фармондеҳи кулли қуво барои анҷоми маъмуриятҳо омодагӣ дорад ва ин омодагӣ барои кишвари мо тавфиқи бузурге аст.

 

Барчасп