Рушди 77 дарсадии содироти чоӣ эронӣ
(last modified Tue, 03 May 2022 15:14:55 GMT )
Май 03, 2022 20:14 Asia/Dushanbe
  • Рушди 77 дарсадии содироти чоӣ эронӣ
    Рушди 77 дарсадии содироти чоӣ эронӣ

Сухангӯи гумруки Эрон аз рушди 77 дарсадии содироти чоӣ эронӣ дар соли 1400 шамсӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Руҳуллои Ратифӣ, сухангӯи гумруки Эрон аз содироти 28 миллион долларии чоӣ эронӣ дар соли 1400 шамсӣ хабар доду гуфт: Ин мизон содирот нисбат ба соли 1399 рушди 77 дарсадиро нишон медиҳад.

Латифӣ бо ишора ба ин ки дар соли 1400 шамсӣ анвоъи чоӣ эронӣ ба 25 кишвари дунё содир шуда аст, афзуд: Арзиши ин содирот аз назари вазн 27 ҳазору 272 тонна буд, ки нисбат ба соли 1399 бо рушди 68 дарсади ҳамроҳ буда аст.

Сухангуи гумруки Эрон гуфт: Аморот, Туркия, Русия, Ҳинд ва Ироқ панҷ мақсади аввали содироти анвоъи чоӣ эронӣ буданд.

Латифӣ ҳамчунин дар хусуси дигар харидорони чоӣ эронӣ гуфт: Олмон, Гурҷистон, Англиля, Чин, Ҳинд, Кувайт, Фенланд, Шветсари, Канада, Белжик, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Австралия аз дигар кишварҳои харидори чоӣ эронӣ дар соли 1400 шамсӣ буданд.

Сухангуи гумуруки Эрон дар хусуси воридоти анвоъи чоӣ дар соли 1400 шамсӣ гуфт: 75 ҳазору 379 тонна анвоъи чоӣ ба арзиши аз 10 кишвар ворид шуда аст, ки Ҳинд бо 32 ҳазору 285 тонна дар аввал қарор дорад.

 

Бештар бихонед: