Май 05, 2022 17:34 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии Эрон бо кишварҳои Осиёи Маказӣ
    Тақвияти равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии Эрон бо кишварҳои Осиёи Маказӣ

Муъовини дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон бар тақвияти равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии Эрон бо кишварҳои Осиёи Маказӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Сафарӣ бо таъкид бар аҳамияти нақш ва ҷойгоҳи намоишгоҳҳои ихтисосӣ дар мауъррифи ва шиносондани ҳар чи беҳтари дастовардҳо, қобилиятҳо ва кайфияти маҳсулоти ширкатҳои эронӣ ба бозорҳои дигар кишварҳо, дуввумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон ва Қирғизистон, ки қарор аст аз 18 то 21 июн соли 2022 дар шаҳри Бишкек баргузор шавадро фурсати бисёр хуб барои ширкатҳои тавонманди эронӣ донист.

Сафарӣ тақвияти равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии бо кишварҳои Осиёи Маказӣ аз ҷумла Қирғизистонро яке аз авлавиятҳои дипломосии иқтисодии Вазорати умури хориҷа донист ва зимни даъват аз ширкатҳои эронӣ барои ҳузури қави ва ҳадиаксари дар намоишгоҳи Қирғизистон, гуфт: Вазорати умури хориҷа ва сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бишкек дар ҳамроҳи ва ҳамкори бо масъулони баргузори намоишгоҳ барои осон намушадни мушорикати ширкатҳо талош мекунанд.

 

Барчасп