Май 08, 2022 08:48 Asia/Dushanbe
  • Сафари Қолибоф ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон аз сафари раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории Форс, сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Эрон дар тветте аз сафари Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ба ин кишвар хабар дод .
Хабаргузории расмии « Озартоҷ » Ҷумҳурии Озарбойҷони ҳам дар хабаре зимни эъломи ин сафар афзуд:Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар сеюмин нишасти солонаи маҷмаъи порлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО ), ки 17 то 18 май дар Боку баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард .
Тибқи ин гузориш Қолибоф дар ин сафар бо мақомоти Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дидор хоҳад кард.

 

Барчасп