Судури раводиди ройгон барои тамошогарони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ футбол дар Қатар ҷиҳати сафар ба Эрон
(last modified Sun, 08 May 2022 13:57:59 GMT )
Май 08, 2022 18:57 Asia/Dushanbe
  • Судури раводиди ройгон барои тамошогарони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ футбол дар Қатар ҷиҳати сафар ба Эрон
    Судури раводиди ройгон барои тамошогарони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ футбол дар Қатар ҷиҳати сафар ба Эрон

Муъовини дипломосии иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Судури раводид барои тамошочиёни бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ ҷиҳати сафар ба Эрон ройгон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Маҳди Сафарӣ дар бораи ҳамкориҳои Эрон ва Қатар дар баргузории Ҷоми Ҷаҳонӣ футбол афзуд: Гуруҳе аз сӯи Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон ба Қатар сафар карданд ва утоқҳои бозаргонӣ муштараки колоҳои эронӣ дар Қатар фаъол шуданд.

Муъовини дипломосии иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Дар қатар турҳои мухталиф фаъолият мекунанд то дар рӯзҳои баргузории Ҷоми Ҷаҳонӣ ба Эрон сафар кунанд ва аз мароказҳои таърихӣ ва бостонии Эрон дидан кунанд.

Мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ футболи 2022 Қатар 21 ноябр оғоз хоҳад шуд ва тими миллии футболи Эрон дар гуруҳи В бо Британия, Амрико ва барандаи Аврупо ҳамгуруҳ аст.

 

Барчасп