Май 23, 2022 09:08 Asia/Dushanbe
  • Террори яке аз мудофеони ҳарам дар хиёбони Муҷоҳидини Исломи Теҳрон

Як манбаи огоҳ хабар дод, яке аз мудофеони ҳарам дар хиёбони Муҷоҳидини Ислом террор шуд ва ба шаҳодат расид.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, як манбаи огоҳ гуфт, имрӯз (якшанбе) яке аз мудофеони ҳарам дар яке аз кӯчаҳои фаръии хиёбони Муҷоҳидини Исломи Теҳрон ба дасти ду нафар моторсавор (мототсиклсавор) бо шиллики 5 гулула террор шуд ва ба шаҳодат расид.

Ин террор дар наздики манзили ин шаҳид ва дар ҳангоме, ки вай қасди вуруд ба манзили худро дошта, ба вуқуъ пайвастааст.

Зорибин дар таъқиби неруҳои амниятӣ ҳастанд.

Хабари такмилӣ мутаоқибан ба шабака ирсол хоҳад шуд.

 

Барчасп