Паёми таслияти Рӯҳонӣ дар пайи даргузашти раҳбари инқилоби Куба
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8635-Паёми_таслияти_Рӯҳонӣ_дар_пайи_даргузашти_раҳбари_инқилоби_Куба
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме, даргузашти Фидел Кастро, раҳбари инқилоби Кубаро ба давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 27, 2016 13:25 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рӯҳонӣ дар пайи даргузашти раҳбари инқилоби Куба

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме, даргузашти Фидел Кастро, раҳбари инқилоби Кубаро ба давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар паёме таслияти худ ба Раул Кастро, раиси шӯрои давлатӣ ва раиси ҳайати вазирони ҷумҳурии Куба, аз даргузашти Фидел Кастро муборизи хастагинопазир ва раҳбари инқилоби Куба ибрози таассуф кард.

Дар паёми Рӯҳонӣ омадааст, дар асре, ки миллатҳои ситамдидаи дунё аз нақз бадеҳитарин ва асоситарин усули инсонӣ назири сулҳ, адолат ва озодӣ ранҷ мебаранд, хушбахтона озодмардон ва муборизоне ҳастанд, ки то охирин рӯзҳои ҳаёти худ даст аз мубориза барнамедоштанд то парчами адолатталабӣ ва озодихоҳиро барафрошта нигаҳ доштанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин паём барои давлат ва миллати Куба орзӯи муваффақият ва сарбаландӣ кард.