Вуруди Шамхонӣ ба Душанбе-пойтахти Тоҷикистон
(last modified Thu, 26 May 2022 14:18:51 GMT )
Май 26, 2022 19:18 Asia/Dushanbe
  • Вуруди Шамхонӣ ба Душанбе-пойтахти Тоҷикистон
    Вуруди Шамхонӣ ба Душанбе-пойтахти Тоҷикистон

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд .

Чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ пагоҳ (ҷумъа) бо ҳузури мақомоти амнияти миллии кишварҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор хоҳад кард.
Шамхонӣ пеш аз шурӯи нишаст, имрӯз (панҷшанбе) бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Русия, Ҳинд ва Тоҷикистон ба сурати ҷудогона дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонлии Шамхонӣ-дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ панҷшанбе барои ширкат дар чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ вориди душанбеи пойтахт Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи муовини Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ва Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Эрон дар ин кишвар қарор гирифт.