Тамдиди тарҳи саршумории шаҳрвандони ғайримуҷози Афғонистон то 22 июн
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i86504-Тамдиди_тарҳи_саршумории_шаҳрвандони_ғайримуҷози_Афғонистон_то_22_июн
Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвар(дохили)и Эрон аз тамдиди тарҳи саршумории шаҳрванди ғайримуҷози Афғонистон то 22 июн хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 29, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди тарҳи саршумории шаҳрвандони ғайримуҷози Афғонистон то 22 июн

Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвар(дохили)и Эрон аз тамдиди тарҳи саршумории шаҳрванди ғайримуҷози Афғонистон то 22 июн хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидмаҷиди Мираҳмадӣ бо баёни инки яку ним миллион муҳоҷири афғонистонии ғайримуҷози беиқомат дар тарҳи саршуморӣ ширкат кардаанд, гуфт : Муҳоҷирони афғонӣ бо оромиши бештаре метавонанд дар ин тарҳ ширкат кунанд ва баргаи иқомату тараддуди шашмоҳа дар Эрон дарёфт кунанд . Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвари Эрон афзуд : Тарҳи саршумории атбоъи ғайримуҷоз бо ҳадаф ба даст овардани иттилооти омории дақиқ аз теъдоди ин атбоъ ва шиносоии онҳо иҷро мешавад, ки бо истиқболи зиёде мувоҷеҳ шудааст . Мираҳмадӣ бо ишора ба ҷамъияти зиёди муҳоҷирони афғонистонӣ ва муроҷеъоти фишурдаи атбоъи ғайримуҷоз ба дафотири пешхони хадамоти давлат ва ҳамчунин дафотири кафолати хадамоти атбоъи хориҷӣ дар Эрон тасреҳ кард : Барои ҳифзи оромиши ин афрод ва коҳиши издиҳом  муддату муҳлати сабти ном барои ду ҳафта тамдид шудааст .