Таъкиди муовини раисиҷумҳури Эрон бар муқобила бо резгардҳо
Муовини раисиҷумҳурӣ ва раиси Созмони муҳити зисти Эрон бар ҳалли масоили муртабит бо резгардҳо ва хатарҳои ношӣ аз тӯфонҳои гарду хок таъкид кард.
Алии Салоҷуқа дар дидор бо Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамкорӣ бо давлати Ироқ дар хусуси ҳалли масоили муртабит бо муҳити зист омодагии комил дорад.
Салоҷуқа афзуд, ҳалли мушкилоти хушксолӣ ва муқобила бо тӯфонҳои хок ба хостаи муштараки кишварҳои минтақа табдил шудааст.
Нахуствазири Ироқ ҳам бо ёдоварии равобити таърихии байни ду кишвари ҳамсоя, вазъи роҳи ҳалҳои муассир барои чолишҳои иқлимиро масъулияте ҳамагонӣ донист.
Нахуствазири Ироқ ҳамчунин густариши ҳамкории кишварҳои минтақа барои мувоҷеҳа бо чолишҳои муштарак, аз ҷумла чолишҳои зист - муҳитиро хостор шуд.
Алии Салоҷуқа, раиси Созмони ҳифозати муҳити зисти Эрон, ки бо ҳадафи баррасии роҳкорҳои муассиру фаврии маҳори резгардҳо дар садри ҳайати фанниву коршиносӣ ба кишвари Ироқ сафар кардааст, бо вазири умури хориҷа ва вазири кишвари Ироқ низ ба таври ҷудогона дидор ва дар бораи масоили марбут ба ҳалли резгардҳо гуфтугӯ кард.
Ба гуфтаи Салоҷуқа, барои баррасии бештари мавзуи афзоиши резгардҳо ва гарду ғубор вазири неруи Эрон низ ба Ироқ сафар хоҳад кард.
Тӯфони шину гарду ғубор, ки маҳсули эҳдоси садди Туркия аст, дар рӯзҳои гузашта осмони бархе кишварҳои ҳамсояи ғарбии Эрон, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Урдунро таҳти таъсир қарор додааст.