Июн 05, 2022 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ду кишвари ҳамзабон: дар масири ҳамкории густурда ва фаъол

Гуфтугӯе бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ, таъкид карданд: зарфиятҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф бисёр фаротар аз сатҳи кунунӣ аст ва бояд бо таваҷҷуҳ ба сиёсати давлати Эрон мабни бар тақвияти равобит бо ҳамсоягон, равобити ду кишвар дучори таҳаввули асосӣ шавад.

Расонаи KHAMENEI.IR дар гуфтугӯе бо оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ба баррасии мавориди матраҳшуда дар дидори Президенти Тоҷикистон бо Раҳбари инқилоб пардохтааст.

 

 Бо таваҷҷуҳ ба ҳузури Шумо дар дидори Президенти Тоҷикистон бо Раҳбари инқилоб ривояте аз ин дидор бифармоед. Ин дидор дар чӣ фазое сурат гирифт?

 Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим, сафари ҷанобии оқои Эмомалӣ Раҳмон дар сиюмин солгарди барқарории равобити ду кишвар бо даъвати ҷаноби оқои доктор Раисӣ баргузор шуд. Ин дидор дар фазои хеле самимӣ, дӯстона ва отифӣ баргузор шуд ва Раҳбари инқилоб дар ин дидор бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти ду кишвар, ҳамкориҳои фимобайн ва тақвияти онҳоро хеле лозим баршумурданд ва дар бораи робитаи ду кишвар, аз таъбири “хешованд” истифода карданд, ки ду миллати ҳамфарҳанг, ҳамзабону ҳамдин ҳастанд. Биҳамдуллаҳ мулоқот хеле хуб буд. Ҷаноби оқои Раҳмон ҳам аз дидорҳое, ки дар сафарҳои қаблӣ бо Раҳбари инқилоб доштанд хотиротеро таъриф карданд ва изҳор доштанд, ки дар мулоқоте, ки қаблан хидмати Шумо расида будам, Шумо аз робитаи ду кишвар таъбири “хешовандӣ” доштед. Раҳбари инқилоб фармуданд, ки ман ҳанӯз ҳам бар ин ақида ҳастам, ки мо хешовандем ва ин хешовандии мо ба далели иштирокоти динӣ, фарҳангӣ ва забонист.

Дар ҷараёни сафари Президенти муҳтарами Тоҷикистон, мулоқотҳо дар сатҳи хеле болое баргузор шуд ва ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ҳам ба имзо расид. Ин сафар баъд аз ҳудуди ҳашт моҳ аз сафари ҷаноби оқои Раисӣ ба Тоҷикистон баргузор шуд. Аввалин мақсади сафари хориҷии ҷаноби оқои Раисӣ дар масъулияти президентӣ ба кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Тоҷикистон буд ва ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раҳбари инқилоб бар ин нукта таъкид доштанд, ки ин иқдоми оқои Раисӣ барои мо ифтихоре буд ва онро дар сатҳи бисёр болое арзёбӣ мекунем. Раҳбари инқилоб ҳам бар ин нукта таъкид карданд, ки Тоҷикистон барои мо хеле муҳим аст ва ба ҳамин хотир ҷаноби оқои Раисӣ аввалин сафари худашонро ба Тоҷикистон анҷом доданд. Дар ин дидор қарор бар ин шуд, ки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар ба сурати фаъолона ва доимӣ ёддошти тафоҳумҳои имзошударо пайгирӣ кунанд, ки иншоаллоҳ ба натиҷа бирасад.

 

 Дар ҷараёни сафари Раиси ҷумҳури кишварамон ба Тоҷикистон чӣ тавофуқоте барои ҳамкории ду кишвар сурат гирифт? Раҳбари инқилоб ҳам дар дидор ба ин сафар ишора карданд.

 Дар ҷараёни сафари таърихии Раиси ҷумҳури кишварамон ба Тоҷикистон, ин кишвар баъд аз чандин сол бо дархости пазириши узвияти доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай мувофиқат ва ҳимояти худашро эълом кард, ки ин як дастоварди бисёр хубе барои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ буд.

Дар он сафар ҳам ҳудудан ҳашт санади ҳамкори ба имзо расид ва маҷмӯан дар тӯли яксол 25 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид. Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Тоҷикистон баъд аз як даврае, ки ба далели бархе суитафоҳумот таваққуфе дар он эҷод шуда буд, бо талошҳое, ки дар тӯли ин ду-се соли ахир анҷом шуд, ки нуқтаи атфаш сафари ҷаноби оқои Раисӣ ва сафари ҷаноби оқои Раҳмон буд, тақрибан дар тӯли яксоли гузашта вориди фазои ҷадиде шудааст ва тақрибан дар ҳама арсаҳо кор рӯ ба пешрафт аст. Дар солҳои авҷи равобит, сақфи таомулоту табодулоти молии мо дар ҳавзаи иқтисодӣ сесад миллион доллар буд, ки дар солҳои ахир ба камтар аз ҳафтяк коҳиш пайдо карда буд, вале дар тӯли муддати ҳашт моҳи ахир равобити иқтисодии ду кишвар чаҳор баробар афзоиш пайдо кардааст. Албатта, моҳияти иқтисоди ду кишвар мукаммал ва зарфиятҳои ҳар ду кишвар хеле бештар аз инҳост. Аммо ҳамин муддат нишон дод, ки мо метавонем ҳаҷми таомулоту табодулоти худмонро дар ҳавзаи иқтисодӣ ва хадамоти техникӣ-муҳандисӣ боло бибарем.

Яке аз нукоте, ки Раҳбари инқилоб ҳам дар ин дидор бар он таъкид карданд ин буд, ки мо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мухталиф омодагӣ дорем ва маҳдудияте надорем. Тоҷикистон кишварест, ки дорои зарфиятҳои табиӣ, худододӣ ва маодину дигар зарфиятҳост. Маҳсулоти хубе ҳам дорад. Ҷумҳурии исломӣ ҳам зарфиятҳои хеле хубе дорад ва қарор бар ин шуд, ки дар қолаби ҳамон Комиссияи муштарак гурӯҳҳои техникӣ бо талоши бештар корҳоро ба саранҷом бирасонанд, ки иншоаллоҳ дар тӯли яксоли оянда битавонем инро ба рушди болое бирасонем.

Яке аз нукоте, ки дар сафари Президенти  муҳтарами Тоҷикистон ҳам дар мулоқот бо Раёсати муҳтарами ҷумҳур, ҳам дар мулоқот бо Раёсати муҳтарами Маҷлис ва ҳам дар мулоқот бо Раҳбари инқилоб матраҳ шуд, таҳаввулот ва авзоъи амниятии минтақа ба вежа кишвари ҳамсояи мо Афғонистон буд. Ҳар ду кишвар дар ин хусус нигарониҳои худашонро аз фаъолитҳои гурӯҳҳои террористӣ эълом карданд. Ду кишвар мавзеъи муштараке дар заминаи масоили Афғонистон доранд ва он дар аввалвият қарордодани рифоҳу осоиши мардуми азизи Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогири муташаккил аз намояндагони ҳамаи ақвому аҳзоби мавриди қабули мардуми ин кишвар аст. Ин мавзеъе буд, ки дар ҷараёни сафари ҷаноби оқои Раҳмон дар мулоқот бо мақомоти олии низом таъкид шуд.

Сафар ҷаноби оқои Раҳмон дар ин мақтаъи замонӣ бисёр муҳим буд. Эшон баъд аз нӯҳ сол ба кишвари мо омаданд ва дар сатҳи хеле хубе ин сафар анҷом шуд ва мабоҳису тавофуқоти бисёр хубе дар ин сафар ҳосил шуд. Тоҷикистон кишвари ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мост. Дар ин хусус ирода ва бинои мақомоти олии ҳар ду тараф бар тавсиаи равобит аст ва касоне, ки ба ҳар далеле бихоҳанд халале дар ин равобит ворид кунанд ва тарафҳои солисе, ки дӯстдори тавсеаи равобит набошанд, бояд ин паёмро гирифта бошанд, ки наметавонанд дар ҷиҳати хилофи мақомоти олии ду кишвар кор кунанд.

 

 Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи фарҳангӣ ва таърихии муштараке, ки байни Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, тавофуқоте, ки байни Эрон ва Тоҷикистон баста мешавад, аз лиҳози иҷроӣ шудан чӣ қадар метавонад нисбат ба тавофуқоти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дигар кишварҳо мутафовит бошад? Тавофуқоту равобити умдатан иқтисодӣ ва тиҷорӣ бар як бистари фарҳангӣ чӣ зарфиятҳо ва фурсатҳоеро барои тарафайн эҷод мекунад?

 Дар ҷараёни сафари ҷаноби оқои доктор Раисӣ дар сентябри 2021 баёнияи муштараке ба имзои сарони ду кишвар расид, ки дар яке аз бандҳои он ба тавсиаи фаъолиятҳои фарҳангӣ ишора ва таъкид шуда буд. Дар ин сафар ҳам дар баёнияи муштараке, ки ба имзои сарони ду кишвар расид, бар ҳамкориҳо дар ҳама ҳавзаҳо ба вежа дар ҳавзаи фарҳанг ҳам таъкид шуд. Дар тӯли ҳамин ҳашт моҳи гузашта чандин иттифоқ дар ҳавзаи фарҳанг афтод, ки қарор аст, иншоаллоҳ, дар ояндаи наздик “Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон” дар шаҳри Душанбе ва “Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон” дар Теҳрон баргузор шавад. Ин рухдоди фарҳангии бисёр муҳиммест. Дар ин сафар намоишгоҳҳо ва корҳои фарҳангии зиёд ва табодули устоду донишҷӯ ҳам мавриди гуфтугӯ ва мувофиқат қарор гирифт ва қарор бар ин шуд, ки ҳар ду тараф дар ин хусус барномаҳое дошта бошанд. Табиатан ҳар чи қадар дар ҳавзаи фарҳанг кори беҳтаре анҷом шавад, таъсири худашро бар дигар ҳавзаҳо хоҳад гузошт.

 

 Дар ҷараёни ин сафар дар бахши иқтисод чӣ тавофуқоте ҳосил шуд?

 Дар бахши иқтисод тафоҳумномаҳои хубе дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ дарозмуддат ва ҳамчунин сармоягузории муштарак, санъат, технологияҳои навин, тавсеаи ҳамкории ширкатҳои донишбунён ва гардишгарӣ имзо шуд. Дар ростои тавсиа ва бистарсозии фаъолияти бахши хусусии ду кишвар, тафоҳумномаи ташкили Шӯрои корофаринони Эрону Тоҷикистон ба имзои раисони Палатаи савдои ду кишвар расид.

Мо аввалин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хориҷ аз кишварро дар моҳи марти 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор кардем, ки мунҷар ба инъиқоди тафоҳумномаҳои ҳамкории бисёр хубе шуд. Баҳамдуллаҳ, равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳамаи ҳавзаҳо дар мадори хубе қарор гирифта ва ҳамкориҳои хубе дар ҳол аст. Сафари ҷаноби оқои сарлашкар Боқирӣ ва ҷаноби оқои дарёбон Шамхонӣ ба Тоҷикистон ҳам сафарҳои бисёр муҳимме буд ва ду кишвар дар ҳавзаи ҳамкориҳои дифоъӣ, низомӣ ва амниятӣ ба вежа бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти минтақаӣ ва амниятӣ дар баъзе аз кишварҳое мисли Афғонистон тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳо дошта бошанд. Алҳамдулилаҳ, дар ҳоли ҳозир равобит дар масири хубест. Эътиқодам бар ин аст, ки сафари ҷаноби оқои Раисӣ ва сафари ҷаноби оқои Раҳмон ба фосилаи камтар аз яксол, нуқтаи атфе дар таърихи равобити ду кишвар хоҳад буд ва мо дар оянда, иншоаллаҳ, шоҳиди рушду шукуфоии ҳарчӣ бештари равобити ду кишвар хоҳем буд.