Хатибзода: Ҷумҳурии Исломии Эрон мутаносиб бо иқдоми Шӯрои ҳукком посух медиҳад
-
Хатибзода: Ҷумҳурии Исломии Эрон мутаносиб бо иқдоми Шӯрои ҳукком посух медиҳад
Сухангӯи Вазораи умури хориҷаи Эрон бо мардуд хондани қатъномаи пешниҳоди ба Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержии атомӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон мутаносиб бо ҳар иқдоми дар ин шӯро посух хоҳад дод.
Нишасти Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержии атомӣ аз имрӯз душанбе дар мақари ин созмон дар Вена оғоз ба кор кард.
Амрико ва се кишвари аврупоӣ Олмон, Англис ва Фаронса пешнависи қатъномаи пешниҳодии муштараки худ ба Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллаии энержи атомиро ироа дод ва унвон карданд, ки ҳал нашудани мавзуъоти муртабит бо маводи урониюми пайдо шуда дар сойтҳои эълом нашудаи Эрон ба шиддат мояи нигарони аст.
Ин чор кишвар ҳамчунин гуфтанд, ки ба далели ҳамкории нокофии Эрон ихтилофот ва масоили подумони ҳамчунон ҳал нашуда аст ва аз Эрон хостанд, ки фавран пешниҳодоти ожонс барои таъомули бештар барои ҳаллу фасли ҳамаи масоили подмонии боқимондаро бипазирад.
Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телевизиони дар бораи нишасти Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва эҳтимоли судури қатъномаи зидди Эрон дар ин нишаст афзуд: Теҳрон пешдовари намекунад вале мутаносиб бо ҳар иқдоми Шӯрои ҳукком посухи муносиб хоҳад дод.
Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ирсоли пешнависи қатънома ба Шӯрои ҳуккоми ожонс таъкид кард: Нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми ожонс дар ҳоли баргузори аст ва чанд рӯз идома хоҳад дошт ва ба сурати маъмули ду мавзуъи подмонии марбут ба Эрон ва гузориши иҷроӣ БарҶом, ки ба сурати фасли ироа мешавад дар дастури нишасти фаслии Шӯрои ҳуком қарор дорад.
Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон бо баёни ин ки Рафаел Гросси, мудири кулли ожонси байналмиллалии энержии атомӣ гузоришеро ба сурати шитобзада ироа карда аст, афзуд: Аз 5 марти соли 2022 то имрӯз се давр нишасти Эрон бо ожонси байналмиллалии энержи атомӣ баргузор шуда аст ва мудири кулли ожонс бе эътино ба иқдомоти Эрон талош карда аст дар гузориши ҷадид як ривояти навро дар хусуси барномаҳои ҳастаӣ Эрон ҷо бияндозад, ки бештарашон бар асоси мавориди иддаои аст.
Хатибзода бо баёни ин ки ради пойи режими ҷаълии саҳюнистӣ дар гузориши ҷадиди мудири кулли ожонси байналмиллалии энержии атомӣ вуҷуд дорад, аз ҳамаи аъзои Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ хост муроқиби ниятҳои режими саҳюнистӣ ва пуштибонони қатъномаи зидди эронӣ бошанд ва ба ин қатънома райи манфи бидиҳанд то панҷарае, ки Эрон барои дипломоси эҷод кард дар масири худаш боз бимонад.