Қатъи фаъолияти теъдоди аз дурбинҳои фароподмонии ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар Эрон
(last modified Wed, 08 Jun 2022 13:59:39 GMT )
Июн 08, 2022 18:59 Asia/Dushanbe
  • Қатъи фаъолияти теъдоди аз дурбинҳои фароподмонии ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар Эрон
    Қатъи фаъолияти теъдоди аз дурбинҳои фароподмонии ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар Эрон

Созмони энержии атомӣ Эрон аз қатъи фаъолияти дурбинҳои фароподмонии дастгоҳи андозагири бар хати ожонси байналмиллалии энержи атомӣ дар Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони энержии атомӣ Эрон дар баёнияе эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун ҳамкориҳои густардае бо ожонси байналмиллалии энержи атомӣ дошта аст, аммо мутаасифона ожонс бедуни ин ки дар назар дошта бошад, ки ин ҳамкориҳо баргирифта аз ҳусни нияти Эрон аст натанҳо қадрдони ин ҳамкориҳо набуд балки ба навъи онро вазифаи Эрон низ тақли карда аст.

Ин баёния меафзояд ба ҳамин далел тасмим гирифта шуд аз имрӯз фаъолияти дурбинҳои фароподмонии дастгоҳи андозагири бар хати сатҳи ғарон OLEM ва флуметри ожонс қаът шавад, ки дастури он ба масъулини марбута дода шуда аст.

Дар идомаи ин баёния омда аст албата беш аз 80 дарсад аз дурбинҳои мавҷуди ожонс дурбинҳои подмони ҳастанд, ки ҳамчунон фаъолияти ин дурбинҳо идома хоҳад ёфт.

Сухангӯи Сомони энержии атомии Эрон низ имрӯз бо ҳузур дар яке аз марказҳои ҳастаӣ бар қатъи фаъолияти ду дурбини ожонс назорат кард.